Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Азиз, ман дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонам! Лутфан, ба таги дарвоза баромада худатон бинед.

Канда-канда гапзании Плутон ва хусусан оҳанги гапзаниаш ҳамаро ба изтироб андохт; на фақат плантатор, вале ҳам духтар, ҳам хоҳарзодааш зуд аз ҷойҳои худ хестанд ва ба таги дарвозаи осиенда шитофтанд.

Ҳар он чи ки онҳо диданд, фақат боиси тиратарин фикру хаёлҳо мегардиданд.

Яке аз зангҳои ғулом лаҷоми аспи зину афзолнокро дошта меистод. Асп аз шабнами шабона тамоман тар буд ва, зоҳиран, хизматгор ҳанӯз ба вай даст нарасонида буд. Асп пой мекуфт ва фирик-фирик мекард, гӯё ӯ навакак аз кадом як хатари мӯҳлик ҷон ба саломат бурда буд. Ким-чи чизи тира ба баданаш пош хӯрда буд — он аз шабнам тиратар, аз пашми ӯ сиёҳтар буд; китфонаш, пойҳои пешаш, зин аз хуни бастаи тира доғдор буд.

Ин асп аз куҷо тохта омада буд?

Аз дашт. Ҳангоме, ки вай дар байни пойҳо нухтаашро кашон-кашон ва бо ҳидояти савқи табиӣ ба сӯи хона — ба осиенда тохта меомад, зангӣ ӯро дар дашт дастгир кард.

Асп аз они кӣ буд?

Ин саволро ҳеҷ кас надод. Ҳама медонистанд, ки ин аспи Генри Пойидекстер мебошад.

Ҳеҷ кас напурсид, хуни кӣ чакида аспро доғдор кардааст. Ҳар сеи онҳо дар бораи як кас; дар бораи писар, дар бораи додарак, дар бораи тагобача фикр мекарданд.

Доғҳои буре, ки он се нафар маҳюсона ба онҳо менигаристанд, доғҳои хуни Генри Пойидекстер буданд. Онҳо ба ин шубҳа намекарданд.

Боби XXXVIII

ҶУСТУҶӮ

Падари аз ғусса девона гашта шаҳодати ғамангезро зуд, вале зоҳиран, дуруст фаҳмида, ҷаста ба зини хунолуд нишаст ва аспро ба сӯи қалъа чорнаъл тозонд.

Колҳаун ба дунболи ӯ рафт.

Ин хабар ба зудӣ дар сар то сари округ паҳн гардид. Чобуксаворон онро ба қад-қади дарё ба болову поён, ба дурдасттарин плантацияҳо бурда расонданд.

пешина
аз 509
навбатӣ