Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
боиси тиратарин фикру хаёлҳо мегардиданд.
— Не, масса Вудли! — бо изтироб ҷавоб дод зангӣ.— Ӯ дар он ҷо нест, масса Генри нест. Вале... — беҷуръатона ба гап да- вом намуд ӯ.— Ба Плутон гуфтани ин ҳузновар аст... Аспи вай дар он ҷо...
— Аспаш дар он ҷо? Умедворам, дар ҳуҷрааш не?
— Не, масса. Дар аспхона ҳам не. Дар таги дарвоза.
— Аспаш дар таги дарвоза? Вале чаро гуфтани ин ба ту ғамангез аст?
— Барои он ки, масса Вудли, барои он ки... асп аспи сиёҳ- мушкини масса Генри мебошад...
— Дуруст гап зан, ҳилиқхунук! Чӣ «барои он ки»? Умедво- рам, каллаи асп дар ҷояш? Ё худ, думашро ифтонидааст?
— Оҳ, масса Вудли, зангӣ аз ин хел чизҳо наметарсад! Кошки асп каллаву думашро афтонида гум мекард. Плутон ме- тарсад, ки ӯ соҳибашро гум кардааст.
— Чӣ? Асп Генриро афтонидааст? Ҳарза мегӯӣ, Плутон! Ҳеҷ мумкин нест, ки асп писари ман барин чобуксаворро афто- нида бошад. Ҳеҷ мумкин нест!
— Ман намегӯям, ки афтонидааст. Ман метарсам, ки бад- бахтии аз ин бадтаре рӯй надода бошад. Массаи куҳансоли

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо