Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

фарҳёд зад Эл Қоёт. — Кадом шамол парронд? Курсӣ гирифта шинед. Ана дар ин ҷо истодааст. Курсӣ! Ҳа-ҳа-ҳа!

Эл-Қоёт ба асбобе, ки онро курсӣ номид, нигариста, коҳ-коҳхандид. Он устухони сари мустанг буд, ки барои нишастан истифода карда мешуд. Столи дағали аз чӯби юкка сохта шуда, дуюм ҳамин гуна устухони сари мустанг ва як тӯб камише, ки хизмати бистариро адо мекарду соҳиби ҳакале дар рӯи он мехобид, буду шуду чиҳози манзили Мигуэль Диас буд.

Колҳаун, ки аз ин гардиши дуру дароз хаста шуда буд, аз таклиф истифода намуда, ба рӯи устухони сари мустанг нишаст. Ӯ вақтро бекора нагузаронида, дарҳол ба сари масъала омад.

— Сеньор Диас, — гуфт вай, — ман барои он ба ин ҷо омадаам, ки...

— Сеньор американо! — мустангери ширамаст сухани ӯро бурида хитоб намуд. — Карамба! Медонам барои чӣ омадед, медонам! Таоруфот ва такаллуфоти барзиёдӣ чӣ лозим! Ман бояд ин иблиси ирландиро аз сари роҳ дафъ кунам!

— Ҳамту!

— Гап якто, ман охир ба шумо ваъда кардам, ки ҳар гоҳ мавридаш ояд ва қулай шуда монад, ба ивази панҷсад доллар ба хотири шумо ин корро мекунам. Мангуэль Диас ҳама вақт ба қавлаш меистад. Фақат ҳанӯз вақт нарасидааст ва фурсати қулай нашудааст. Бало занад! Одамро номаълум карда куштан маҳорат металабад. Ҳатто дар дашт ҳам изи касро мегиранд. Вале агар фаҳманд, бо ман ҳазлу бозӣ карда намешинанд! Сеньор капитан, шумо фаромӯш мекунед, ки ман мексикои ҳастам. Агар, шумо барин, америкой мебудам, дон Морнсиро бе қӣлу кол зада мекуштам. Фақат, муноқиша рӯй дод, гуфтан кифоя буд ва ман аз об хушк мебаромадам. Лаънати ҳақ бод! Барои мексикоиҳо қонун дигар хел аст. Агар ягон кас аз мо мачетеро ба дили кас халонад, инро одамкушӣ меноманд. Дар он сурат шумо, америкоиҳо, дар суди аҳмаконаатон ҳамроҳи дувоздаҳ «ҳайати поквичдонатон» қарор мебароред: «Ба дор овехта шавад». Карамба! Ин табъи дили ман не. Шумо барин, ман ҳам ин марди ирландиро чашми дидан надорам, вале ҳалқаи дорро ба гарданам андохтаӣ нестам. Ман бояд пакту мавриди муносибро поида истам — чин запад, ҳам вақт, ҳам мавридро!

— Вақташ ҳам расиду мавридаш ҳам! — ба тарафи марди мексикой хам шуда, хитоб намуд Колҳаун.— Шумо гуфта бу-

1 Чин запад! (Испанӣ).

пешина
аз 509
навбатӣ