Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дод, ки ба онҳо ягон ҷавоби муайян додан мумкин набуд:
— Падарам чӣ фаҳмида бошад? Шояд, ин фақат гумон бошаду бас? Ба вай кӣ гуфтанаш мумкин? Оё аз вохӯрии мо огоҳ бошад?
Боби XXIX
ЭЛЬ-КОПОТ ДАР КУЛБАИ ХУД
Колхаун Луиза барин қариб ҳамчунон нохост аз паси стол хест. Вале, бар хилофи вай, ба ҳуҷраи худ нарафт, балки аз хона баромад.
Вай ҳанӯз ҳам аз ранҷи ҷароҳат азоб мекашид, вале анча қувват гирифта буд ва акнун дар боғ гашту гузор карда, то аспхона, то кораль, ки дар наздики иморати хона воқеъ гардида буд, рафта метавонист...
Вале ин дафъа ба роҳи дур равон шуд. Бо таъсири таънаҳои шунидааш буд ё худ ба муносибати хабари гирифтааш, вале заифӣ, гӯё даст аз домани ӯ сар дода буд ва ба асо такякунон ба сӯи қалъаи Инҷ равон шуд.
Ӯ аз чоп нообод, ки дар нимароҳи байни аспенда ва қалъа воқеъ гардида буд, гузашта, лангон-лангон ба паттазори дарахтони ақоқии наздик шуд, ки дар сояи дарахтони басе баланд рӯида буданд. Дар ҷои аз ҳама анбӯҳи дарахтзор кулба — хакалее меистод, ки деворҳои он аз химча бофта, ба рӯяш лой молида шуда буд ва он бошишгоҳи ба худ хоси ҷануби ғарбии Техас буд.
Ин кулба ба соҳибаш Мигуэль Диас — нимваҳшии бераҳм, ки бекора бо лақаби «Эль-Койот» сазовор нагардида буд, комилан мувофиқ буд.
На ҳама вақт ин гургро дар лонааш пайдо кардан мумкин буд, — хакалеи Мигуэль Диас, рости гап, ба дигар номи беҳтар сазовор набуд — ӯ шабҳо фақат баъзан дар ин ҷо мехобид. Танҳо гоҳ-гоҳ, пас аз шикори барорнок, ӯ ба худ раво медид, ки каме дар наздикии посёлка зиндагӣ карда, ба машғулиятҳои беодобона дода шавад.
Толеъ Колхаун тофт: агарчи соҳиби хона ширакайф бошад ҳам, ӯро ёфт, — зимнан, ин ҳолати муқаррарии ӯ буд. Рости гап, марди мексикой масти лояқил набуд, ӯ аллакай аз хоб сер шуда, каме ҳушёр шуда буд.
— Ҳа, ин шумоед, сеньор! — меҳмонро дар таки дар дида,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо