Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ниятҳои нопоки душманон муҳофизат карда тавонад. Қаср ба муздурон

Гӯяд, ки: "Ту аз мой, мо низ чу ту будем,
Мо хок шудем эдар, ту соҳиби ин майдон.
Зинҳор пас аз ин фатҳ ғафлат манамо, зинҳор,
То бар сари мо з-ин пас душман назанад ҷавлон!"

Замони Шӯравӣ аз пурмаҳсултарин давраҳои эҷодиёти Лоҳутӣ ба шумор меравад. Асарҳои "Мо зафар хоҳем кард" (1930), "Сафари Фарангистон" (1934), "Тоҷу байрақ" (1935), "Ду нишон" (1936), "Одами оҳанпо" (1933), "Шамшери фотех" (1933), "Мардистон" (1941), "Ғалабаи Таня" (1942), "Се қатра" (1932), "Парии Бахт" (1947) ва ғайра маҳсули эҷодии даврони шӯравии адиб мебошанд.

Фаъолияти тарҷумонии Лоҳутӣ. Тарҷумаи намоишномаҳои “Отелло”, “Ромео ва Юлетта”, “Шоҳ Лир”-и драматурги англис Шекспир, “Дод аз дасти ақл”-и адиби рус А.С. Грибоедов, “Чашмаи гӯсфандон”-и драматурги испани Лопе де Вега, асарҳои адибони маъруфи ҷаҳонӣ А.С. Пушкин, Т.Г. Шевченко, А.М. Горкий ба хонандаи калонсол нигаронида шудаанд. Устод Лоҳутӣ асарҳои зиёди бачагона низ тарҷума кардааст, ки “Почта”-и С. Маршак, “Достони Олеги дилогоҳ”, “Ҳикояти моҳигир ва моҳии тилло”, “Парии об”, “Афсонаи шоҳ Салтан”-и А.С. Пушкин, “Сангари хунин”-и В. Гюго, “Бузургии безавол”-и Р. Патканян намунаи онҳо мебошанд. Устод Лоҳутӣ намоишномаҳои В. Шекспир – “Отелло”, “Ромео ва Юлетта” ва “Шоҳ Лир”-ро ҳамроҳи ҳамсараш С. Бону бевосита аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Намоишномаи “Отелло” соли 1939 дар Театри драмаи тоҷик ба саҳна гузошта шуда, соли 1941 дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав бо муваффақият намоиш дода шуд. Агар дар тарҷумаи “Отелло” ибораҳои рехта ва

пешина
аз 343
навбатӣ