Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Лоҳутӣ, ки шоирро ба адабиёти Шӯравӣ дохил намуд, қасидаи "Кремл" мебошад.

"Дар соли 1923 ман аввалин бор Кремли Маскавро дидам, -қайд кардааст шоир. - Азбаски аз забони русӣ як калима ҳам намедонистам, яккаву танҳо аз зал ба зал гузашта тамошо мекардам. Он гоҳ вайронаҳои қасри Анушервон, ки Хоқонӣ васф намудааст, ба хотирам омад... Ман ҳамоно қалам ба даст гирифтаму ба як қалам кашидам достони "Кремл"-ро навиштам. Ман ин асарро ба як нишастан тамом кардам, пас ягон калимаашро дигар карда ё ягон калима ба он илова карда натавонистам". «Кремл» аз 68 байт иборат буда, чун "Харобаҳои Мадоин", дар вазни ҳазаҷи мусаммани аҳраб ва қофияи қасида (аа, ба, ва ...) суруда шудааст ва ба чунин байт оғоз меёбад:

То чанд кунӣ гиря бар маснади Нӯшервон?
Дар қасри Кремл, эй дил, асрори ниҳон бархон!

Лоҳутӣ дар ифодаи мазмунҳои нав аз анъанаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик моҳирона истифода мекард, ки ин ҳолатро, алалхусус, аз муқоисаи образи хок мушоҳида кардан мумкин аст. Дар "Харобаҳои Мадоин" хок ба бебақо будани умри инсон ишора карда, аз гузашти рӯзгор панд гирифтани одамиро талқин менамояд:

Дандонаи ҳар қасре панде диҳадат нав - нав,
Панди сари дандона бишнав зи буни дандон.
Гӯяд, ки: "Ту аз хокӣ, мо хоки туем акнун,
Гоме ду - се бар мо нех в-ашке ду-се ҳам бифшон"...

Дар қасидаи «Кремл» бошад, хок инсони заҳматкашро ба ҳушёрӣ даъват мекунад, то дастовардҳо ва камбудиҳояшро аз ҳодисаҳои номатлуби рӯзгор ва

пешина
аз 343
навбатӣ