Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар Истамбул (1918-1921) мебошанд, мавқеи намоён доранд. Ашъори истамбулии шоир 67 шеърро дарбар гирифта, қисми кулли онҳо дар шакли ғазал эҷод шудаанд ва фарогири мавзӯъҳои ватан, инқилоб, озодии занон, навсозии маориф ва монанди инҳо мебошанд. Дар ғазалиёти истамбулӣ ифодаи рамзию маҷозии мақсад мавқеи асосӣ дорад ва тасвирҳои лирикии ошиқонаи адабиёти классикӣ ба баёни мазмунҳои сиёсиву иҷтимоии давр тобеъ карда мешавад. Гул, булбул, хор, сайёд, шамъ, парвона, ёр, ағёр, гургу шубон, мург, лона, ошёна, рақиб барин мафҳумҳои бадеӣ дар ғазалиёти истамбулии Лоҳутӣ илова ба маъниҳои аслӣ мазмунҳои таҳтонӣ гирифтаанд. "Ин ашъор, - қайд кардааст баъдҳо шоир, - аксаран бо рамзу киноя гуфта шудаанд. Сабаби ин ҳам возеҳ аст. Агар матлабро ошкор мегуфтам, сензураи ҳарбии Туркия, ки дар зери назорати англисҳо буд, ашъори зиддиимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳ зимистони манфур номидаам, ки гулҳои боғро хазон мекунад ва гоҳ сайёди бераҳме хондаам, ки булбули маҷрӯҳро ба доми худ асир кардааст". Ба чанд мисраи ғазали “Аё сайёд” таваҷҷуҳ намоед:

Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро...
Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро...
Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,
Ки дидам тоза бо гург улфате бошад шубонамро.
Чу Лоҳутӣ ба ҷон миннатпазирам то абад онро,
Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Калимаву таркибҳои ғазал дар маънои аслӣ низ ҷолиби диққат буда, аз ҳикмати зиндагӣ бархурдор

пешина
аз 343
навбатӣ