Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ғайрати хешро сарфи роҳи осудагию оромии Ватан менамояд. Шамъ мегӯяд:

Ту то дур аз манӣ, аз ишқ сардӣ,
Дар ин оташ чу сӯзӣ, пухта гардӣ.
Ту бояд аз шикоят лаб бидӯзӣ,
Агар парвонай, бояд бисӯзӣ.

Маснавии “Шамъу парвона” оғози услуби фардӣ ва диди бадеиву зебоишиносии Лоҳутӣ мебошад. Шеърҳои то ин давра эҷодкардаи шоир бештар дорои хусусиятҳои тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Вале дар “Шамъу парвона” ҷойи оҳанги ҳангоматалабонаро як навъ садои ҳазину дилнавоз, ҷойи ҳукму таҳдидҳои урёнро андешаҳои хаёломезу орзупарвар гирифта, ғояи шеър ба воситаи тасвирҳо (шамъу парвона) ва баёни воқеа (суҳбати шамъу парвона) сурат мегирад. Дар ин шеър аввалин бор дар эҷодиёти Лоҳутӣ шамъ ҳамчун тасвири рамзии ватан ва парвона чун баёнгари қаҳрамони лирикӣ муҳтавои сиёсӣ пайдо мекунад. Дар ин солҳо дар эҷодиёти Лоҳутӣ дар баробари равияи рамзӣ тасвири публисистӣ низ мавқеъ дорад, ки ба он шеърҳои “Яке Руму яке Юнон парастад”, “Яке аз ранҷи мардум ризқ мехӯрд”, “Ба духтари Эрон”, “Зоҳид, ин даъвии ту лоиқи изҳор, ки нест” ва як қатор рубоиҳо мансубанд:

Яке Руму яке Юнон парастад,
Яке куфру яке имон парастад...
Яке аз дасти зулми Инглистон
Халоси мулки Ҳиндустон парастад...
Агар аз кеши Лоҳутӣ бипурсӣ,
Наҷоти фаълаву деҳқон парастад.

Дар байни ашъори солҳои 1914-1921 ашъори истамбулии Лоҳутӣ, ки маҳсули муҳоҷирати маҷбурии ӯ

пешина
аз 343
навбатӣ