Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Вале фаҳмидани мазмуни байт андешаи амикро тақозо дорад: бӯсамуштоқон, яъне ошиқон фаҳмиданд, ки маъшуқа ба дасту пойи худ гул бастааст. Онҳо чаманҳоро бӯсида ба ранги ҳино гардондаанд, ба умеде ки шояд маъшуқа ҳангоми ба дасту пойи худ гул бастан гулҳои ба ранги ҳино гардондаи онҳоро истифода кунад ва ба ин восита асари лабҳои бӯсамуштоқон ҳам ба дасту пойӣ ӯ эҳсос шавад. Устод Айнӣ аз эҷодиёти паҳновари шоир намунаҳои мувофиқро интихоб карда, ба хонанда пешкаш менамояд. Аз ин ҷиҳат, намунаҳое, ки ифодакунандаи афкори тарбиявию ахлоқии шоир мебошанд, ҷолибанд:
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.
Фӯлод бар оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,
Бе илм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.
Мақолаҳои “Ҷавоби ман” (1933), “Муносибати адабии Осиёи Миёна ба Эрон” (1934), “Шеърҳои тоҷикистонӣ” (1940), “Камоли Хуҷандӣ” (1940), “Ба ҷои сарсухан” (1951) барин мақола ва сарсуханҳояш низ амику равшан ба назар мерасад. Аз ин ҷиҳат, муқаддимаи устод ба китоби “Чор дарвеш”, ки аз фаъолияти матншиносии ӯ дарак медиҳад, ҷолиби диққат аст. Дар чопҳои Ҳиндустон (Бомбай, 1878; Бомбай, 1900) ин асар ба Амир Хусрави Деҳлавӣ нисбат дода шудааст. Муҳаққиқ бо ҳуҷҷатҳои мӯътамад исбот мекунад, ки муаллифи “Чор дарвеш” Амир Хусрави Деҳлавӣ нест. Дар асар шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ, Фонии Кашмирӣ ва шоири асри XVIII Ғайратӣ ҷой доранд, хол он ки Амир Хусрави Деҳлавӣ соли 1325 вафот кардааст. Мувофиқи тадқиқоти Айнӣ “Чор дарвеш” дар солҳое, ки Ҳиндустон аз тарафи мустамликадорони аврупоӣ истило гардидааст, яъне дар охирҳои асри XVIII ва аввалҳои асри XIX аз ҷониби муаллифи номаълум навишта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё