Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Асарҳои С.Айнӣ оид ба таърихи адабиёти классикӣ таълиф намуда, ба ҳаллу фасли муҳимтарин ва заруртарин муаммоҳои адабиётшиносии тоҷик муваффақ мешавад. Рисолаҳои “Устод Рӯдакӣ” (1940), “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” (1940), “Шайхуррайс Абӯалӣ Сино” (1941), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1942), “Алишери Навоӣ” (1948), “Восифӣ ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” (1956), “Мирзо Абдулқодири Бедил” (1954) ҳама аз нигоҳи илмӣ ва масъалагузорӣ қиматноканд. Масалан, дар рисолаи “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” ба шарқшиносоне, ки Саъдиро танҳо ба Эрон мансуб медонистанд, ҷавоби сазовор дода мешавад. Муҳаққиқ аз эҷодиёти шоир як порчаи шеърӣ оварда, таъкид мекунад, ки Саъдии Шерозӣ мутафаккири бузурги форсу тоҷик аст:
Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Ё худ рисолаи “Мирзо Абдулқодири Бедил”, ки соли 1951 ба анҷом расида, соли 1954, баъди марги муаллиф рӯйи чопро дидааст, то ҳол яке аз манбаъҳои мӯътамади омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Бедил ба шумор меравад. Муҳаққиқ чунин ақида дорад, ки забони шеъри Бедил агар аз назари калимаҳои ҷудогона мулоҳиза шавад, сода аст. Лекин вақте ки аз ин калимаву таркибҳо матои шеър бофта мешавад, фаҳмидани забони Бедил душвор мегардад. Масалан, дар байти зерин ягон калимаи душворфаҳм нест:
Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино, Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё