Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

“Намунаи адабиёти тоҷик” дастоварди барҷастаи адабиётшиносии тоҷик дар садаи ХХ аст. Олимони мамлакатҳои дунё ба ин асар баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, донишманди эронӣ Саиди Нафисӣ навиштааст: “Барои ҳар касе, ки дар адабиёти порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоакал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад”.

С.Айнӣ, баъзан, чандин моҳ танҳо ба тадқиқ ва дастрас намудани осори классикони адабиёти тоҷик машғул мешуд. “Бештарини ин тобистони ман, - навиштааст устод тобистони соли 1940-ро дар назар дошта, - дар роҳи кор кардан бар болои классикҳо рафт. Абӯалӣ Синоро дубора кор карда, аз асарҳояш баъзе порчаҳо ҳамроҳ карда шуд. Барои Рӯдакӣ як маҷмӯаи алоҳида сохта шуд. «Бӯстон»-и Саъдиро интихоб карда, аз ӯ 4 ҳазор мисраъ гирифтам ва эзоҳ додам. Барои вай як муқаддима ҳам навиштам”. Айнӣ барои ба хонандагон пешкаш намудани матни саҳеҳи “Гулистон” кӯшиши бисёр намудааст. Ӯ ҳангоми интихоби матни чандин нусхаро ба якдигар муқоиса мекунад ва дар поварақҳо гуногунхониҳои мисраъҳоро нишон медиҳад. Масалан, мисраи якуми байти:

Сари чашма шояд гирифтан ба мил
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

  • дар поварақ чунин шарҳ ёфтааст: “Дар нусхаи дигар ба ҷойи ин мисраъ “Сари чашма шояд гирифтан ба бел” дида шуд, ки бояд нусхаи асл ҳамин бошад. Зеро, чунон ки бел ба обёрӣ муносибат дорад, инчунин шакли ин калима ба пил ҳамранг аст ва санъати ҷинос ҳам ба даст медарояд”.
пешина
аз 343
навбатӣ