Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
соҳибэҷоди ҷориқанамо ва дар наср низ соданависи беҳамтост".
Ҷавҳари «Намунаи адабиёти тоҷик», ки сар то сари тазкираро фаро гирифтааст, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. С. Айнӣ бар хилофи ақидаи пантуркистон, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, дорои таърихи бой ва фарҳанги ҷаҳонӣ будани ин қавми кӯҳанбунёдро собит месозад. С. Айнӣ сабаби таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар мақолаи «Ба ошиқони адабиёти тоҷик муроҷиат» (1925) чунин таъкид мекунад: «Маълум аст, ки Туркистон ва Мовароуннаҳр аз аҳди устод Абдулҳасани Рӯдакӣ то имрӯз хеле адибони форсизабон ба майдон овард. Аммо дар замонҳои охирӣ ба кадом сабаб, ки бошад, адабиёти тоҷик ба як навъ сакта ва таваққуф гирифтор шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурияти ҷавони Тоҷикистон ин нуктаро дар назар гирифта хост, ки номи адибони гузаштаро зинда ва ҷавонони ҳозираро ба роҳи адабиёт ташвиқ намояд. Дар ин бора муқаддима гӯён як маҷмӯа бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр карданӣ шуда ҷамъ ва тартибашро ба фақир ҳавола намуд». Дар «Намунаи адабиёти тоҷик», Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Алишери Навоӣ, Восифӣ, Қосими Коҳӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Савдо, Асирӣ, Ҳайрат, Ҷавҳарӣ барин адибони тоҷик, ки дар Мовароуннаҳр зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад. С. Айнӣ аз осори Мушфиқӣ бештар аз дигар шоирон намуна (389 мисраъ) оварда, дар ғазалсарой маҳорати баланд доштани ӯро таъкид мекунад. Аз ҷумла, ғазалеро бо матлаи:
Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо,
Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо.- оварда, менависад: «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф ва равон уфтад, кам аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё