Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шарифхонмаҳдум кӯчида ва дар он ҷо як сол монда, ба зиёиён, ба ҳунармандони Бухоро аз наздик шинос мешавад. Баъд таҳсили Садриддин дар мадрасаҳои Олимхон, Бадалбек ва шиносоии ӯ бо шоир Ҳайрат мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Қисми IV аз соли 1896 оғоз ёфта, то солҳои 1902-1903 давом меёбад. Дар ин қисм аҳволи муллобачагони пешқадам, афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш ва шогирдони ӯ, ақидаҳои мухталифи иҷтимоии замон тасвир ёфтаанд. Умуман, “Ёддоштҳо”-и С.Айнӣ ҳодисаҳои 20 соли охири асри XIX ва се соли ибтидои асри ХХ-ро фаро гирифтааст.

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик асарҳое, ки хусусияти ёддоштӣ дошта, ҷараёни зиндагии нависандагонро фаро гирифта бошанд, кам нестанд. Устод Айнӣ дар таълифи “Ёддоштҳо” анъанаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Восифӣ (асри XVI) ва “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро (асри XIX) давом ва инкишоф додааст. Эҷодиёти Восифӣ ҳанӯз аз соли 1925 таваҷҷуҳи Айниро ба худ ҷалб намуда буд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод ба омӯхтани “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ҷиддан машғул мешавад. Соли 1946 асареро бо номи “Восифӣ ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” таълиф менамояд, ки он соли 1956 баъди вафоти нависанда ба табъ мерасад. С.Айнӣ таассуроти худро аз эҷодиёти Восифӣ бо рубоии зерин ифода намудааст:

Ин боғ зи наҳли кӯҳан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хома пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Рубоии мазкур ба рубоие, ки ба сифати эпиграфи “Ёддоштҳо” омадааст, бисёр монанд аст:

пешина
аз 343
навбатӣ