Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Мухтасар дар бораи мураттиб
Акобиров Сайнурдин, зодаи ноҳияи Фархор, хатмкунандаи мактаби миёнаи №4 ва институти педагогии шаҳри Кӯлоб, ихтисосаш филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик. Фаъолияти омӯзгориро соли 1972 ба сифати муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №1 ноҳияи Шаҳритӯс оғоз намудааст. Аз соли 1978 дар вазифаҳои муҳаррир оид ба тарғиботи филмҳо, аз соли 1980 то соли 1994 сардори шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои комичроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Фархор, солҳои 1994 – 2001 роҳбари дастгоҳи Сарраёсати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2004 Мушовири Кумитаи байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004 - 2008 муовини директори Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти маорифи Тоҷикистон, солҳои 2008 – 2015 сардори шӯъбаи умумии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” фаъолият намудааст.
Аз соли 2013 омӯзгори фанни забони тоҷикии кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, муаллифи дастурҳои таълимии “Забони тоҷикӣ” (барои факултетҳои ғайрифилологӣ) “Санъати кандакорӣ дар чӯб” (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷ. Ғанизода), “Луғати тоҷикӣ-русии истилоҳоти маданияти сохтмон, меъморӣ, санъати амалӣ-халқӣ ва амалӣ-ороишии Тоҷикистон”, “Матнҳо барои диктант, нақлҳои хаттӣ ва инкишофи нутқ”, “Аз таърихи хат”, “Баъзе усулҳои таълимии технологияи коркарди бадеии чӯб”, “Луғати чорзабона санъати тасвирӣ ва дизайн” (муҳаррир ва мураттиб) мебошад.
Асари олими рус Н.А. Белинская “Кандакории гаҷ дар Тоҷикистон”-ро тарҷума намудааст, ки чун мавод барои омӯзиши мавриди истифода қарор дорад.
Дар “Масъалаҳои омӯзиши таърихи ташаккул ва рушди санъати амалии ороишии Тоҷикистон”, “Китоб дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна”, “Раванди рушди меъмории муосири Тоҷикистон”, “Парчам дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Талояи Наврӯз”, “Мусаввири чирадасти манзараҳои Тоҷикистон” мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст.
Мушовири давлатии дараҷаи 3, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, аз соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, соли 2021 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор