Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шаман – бутпараст.

Шариатпаноҳӣ – лақаби дабдабаноки қозӣ.

Шиблӣ – Абубакр Ҷаъфар ибни Юнус маъруф ба Шиблӣ аз орифони маъруфи садаҳои сеюм ва чаҳоруми ҳиҷрӣ, ки соли 248-334 ҳиҷрии қамарӣ даргузаштааст.

Широ(ъ) – харидан ва фурӯхтан.

Ширинмийия – суси ширин. Сус – рустании худрӯйи дарозрешаест, ки мийя ҳам мегӯянд. Он ду навъ – талху ширин мешавад ва ширинмийия аз навъи ширини он аст.

Шоб – ҷавон.

Эдар – ин ҷо, дар ин ҷо.

Ясовул – аз ходимони дарбори амир ё ҳоким, ки дар вақти сафар пеш-пеши онҳо ба сифати посбон мерафт.

Ям – дарё, баҳр.

Юба – умед, орзу, талаб, хоҳиш.

Юмн – бахт, иқбол, толеъ.

пешина
аз 343
навбатӣ