Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
дигар аз уҳдаи ягон кор баромада наметавонад, писари Абдурраҳимбой ба Гулсум чунин таъкид мекунад: "Ба Бобоғулом гӯй, ки акнун барои худ ҷойи дигаре ёбад. Мо дар ин гуна қаҳтсолӣ шумоёнро парво карда наметавонем". Чунин муомилаи сангдилонаи бой ба ӯ таъсири бад мерасонад ва ба бистари беморӣ меафтад. Бобоғулом дигар аз беморӣ намехезад ва дар "деҳаи Қараяғоч дар кӯчаи “Ғуломон” дар даруни як хоначаи пастаки поҳсагини тангдар" вафот мекунад. Дар роман ҳангоми ҳукмронии ҳукумати подшоҳии рус расман манъ шудани ғуломӣ, вале дар шакли дигар давом кардани он дар мисоли образи Раҳимдод (Неқадам, Бобоғулом) ва ӯ барин ғуломон моҳирона тавсир ёфтааст.
Насли дувуми ғуломон аз насли аввал фарқ дорад. Агар Раҳимдод беҷуръат ва камҳаракат бошад, пас писари ӯ Эргаш ва ғуломони ҳамсафаш Ғулом Ҳайдар, Сафаргулом, Нормурод ва дигарон дар оташи муборизаву талош барои зиндагӣ обутоб ёфтаанд. Ӯрун Наркалла аз Туркистон рӯзнома ва варақаҳои инқилобӣ оварда, дар байни чӯпонуну ҳезумкашон ва умуман аҳолии камбағал паҳн мекунад. Эргаш ба тамоми ҷамъомадҳое, ки дар хонаи хӯҷаинаш воқеъ мегарданд, аҳамият медиҳад, маълумот мегирад ва он суханҳоро ба Сафаргулом ва дигар ҳаммаслаконаш мерасонад. Як рӯз дар вақти ҳезумкашӣ гурӯҳи деҳқонон ба дасти навкарони амир асир меафтад. Агар навкарони амир фардо дар рӯзи равшан аз фаъолияти инқилобии дастгиршудагон воқиф мегардиданд, ҷазои сахт насиби онҳо мешуд. Эргаш аз торикии шаб истифода карда, на танҳо худ аз ҳабс мегурезад, инчунин рӯзномаю баённомаҳои дар байни ҳезумҳо русткардаро ҳам гирифта бо худ мебарад. Эргаш, Сафаргулом ва дигар намояндагони насли дувуми ғуломон зиёнкориву кинаҳои ниҳонии Қутбия, Ҳамдамфурма ва Шошмакул барин муфтхӯрон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё