Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

“Одина воқеаро ҳикоя кардаӣ шуда «ман... ҳезум... чинӣ...» гуфта забонаш гирифта - гирифта сухан сар карда буд, ки Арбоб маҷоли гап задан надода, монандӣ шаголи гуруснае, ки ба мурғе ҳамла оварад, ё саге, ки ба гадое дарафтад, ба тарафи Одина ҳуҷум карда ва сангеро аз замин бардошта чунон бар сари Одина зад, ки сараш торс кафида худаш ба замин афтод”. Шароити тоқатфарҳои зиндагӣ ва муносибати ғайриинсонии Арбобкамол Одинаро ба андеша водор мекунад ва ӯ роҳи ягонаи аз дасти ин золим халос шуданро дар гурехтан медонад. Ҳамин тариқ, вобаста ба шароиту муҳит оҳиста-оҳиста хислату характери Одина такмил меёбад. Одина дар завод ба муҳити коргарӣ ошно мешавад ва аз ҳаракатҳои инқилобии коргарони рус огоҳ мегардад. Одина аз суҳбатҳои ҳамкорони гуногунмиллаташ ба фикре меояд, ки золимон ва истисморгарон на танҳо дар деҳаи вай ё дар Бухорои Шарқӣ, балки дар Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ вуҷуд доранд. Дар охири асар муносибати Одина ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Ба Одинаи бемор Шариф чунин хабар мерасонад: вақте ки аскарони амири Бухоро ба заводи Қизилтеппа ҳуҷум мекунанд, коргарони тоҷики ин завод намегурезанд ва аскарони амир ҳамаи онҳоро нест мекунанд. Одина зудбоварӣ ва ба амир умед бастани коргарони тоҷикро маҳкум мекунад:

“Уй бародар! Он тоҷикон дар ҳақиқат гунаҳкор буданд, гуноҳи бузурги онҳо нодонӣ аст: гуноҳи бузурги онон ин аст, ки барои мардумфирибӣ, барои нобуд кардани душманони худ ва барои пур кардани киса олат будани номи дину миллатро надонистаанд...”

Аз сюжети қисса бармеояд, ки Одина дар байни солҳои 1914-1918 таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхта буд. Ҳамчунин, дар боби “Боздид” ҳолати рӯҳӣ ва одамшиносии Одина муфассал тасвир ёфтааст. Одина се сол боз модаркалонаш ва маҳбубаашро надида буд ва ҳангоме ки аз сарҳади

пешина
аз 343
навбатӣ