Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Арбобкамол даромад. Вале дар бадали ду соле, ки Одина дар ин дарбор хизмати чӯпонӣ ва ҳезумкаширо ба ҷо овард, «аз хӯҷаини худ рӯйи хӯроки серӣ ва пӯшоки дурустро надид». Ба болои ин, Одина ҳамеша аз хӯҷаин зарбу лат мехӯрд ва дашному ҳақорат мешунид. Одина роҳи ягонаи наҷотро дар гурехтан мебинад ва ба сӯйи Фарғона раҳсипор мешавад. Ӯ дар заводи пахтатозакунии Андиҷон дар шароити ниҳоят вазнину тоқатфарсо се сол кор мекунад ва бо пули пасандозаш барои модаркалонаш - Бибиоиша ва маҳбубааш - Гулбибӣ савғотӣ харида, роҳи рӯйи диёрро пеш мегирад. Одина мехост духтари холааш - Гулбибиро ба занӣ гирад. Бинобар ин, барои тӯй ҳам тайёрӣ дида буд. Вале дар роҳи Қаротегин закотчиёни амир қисми зиёди молу матои Одинаро ғорат мекунанд ва ӯ бо қисми ками раҳовард ба хонаашон мерасад.
Одина боз ба ҷангали Арбобкамол меафтад ва маҷбур мешавад, ки ба ивази як миқдор пулу мол аз дасти хӯҷаини собиқаш раҳоӣ ёбад. Одина ба сафар баромад ва мақсад дошт, ки ин дафъа асбоби тӯйро ҳарчи тезтар ҷамъ карда, ба хона баргардад, Гулбибиро ба занӣ гирад ва қисмати боқимондаи умрро ҳамроҳи модаркалонаш ва Гулбибӣ ба осудагӣ гузаронад. Вале дар заводи Андиҷон бемор мешавад, ӯро ҳамкоронаш барои табобат ба Тошканд мефиристанд. Вале азобу азиятҳои зиёди ғарибӣ, меҳнати тоқатфарсову фикру андешаҳои хузновар дар бораи бозмондагонаш ҷисми ҷавони Одинаро тамоман хароб карда буд ва ӯ дар Тошканд соли 1918 аз касалии сил вафот мекунад.
Қаҳрамони асосии асар Одина мебошад. Ӯ дар дарбори Арбобкамол тамоман беҷуръат тасвир ёфтааст. Муносибати золимонаи Арбобкамол чашми ӯро чунон тарсондааст, ки ҳатто ба хӯҷаин рӯ ба рӯ истода ёрои сухан гуфтанро надорад. Арбобкамол вақте ки пойи шикастаи як гӯсфандашро мебинад, аз Одина сабаби онро мепурсад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё