Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

публицистии С.Айнӣ чоп шуданд. Устод дар ин мақолаҳо таъриху адабиёти бой ва фарҳанги кӯҳан доштани қавми тоҷикро ба тамоми собит месозад. «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон, - ёдовар мешавад Айнӣ дар мақолаи "Матбуоти тоҷик",- ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад».

«Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст» барин 54 мақолаи дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи С.Айнӣ хонандаро ба шуҷоат, мардонагӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи Ватан водор мекунанд. Устод Айнӣ низ тамоми эҷодиёти давраи ҷангии худро ба ҳимояи Ватани азиз аз фашистони истилогар равона намуд. Ин ҳолатро аз очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944) бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниёгони мо ба муқобили арабҳои истилогар (асри VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи муғулони хунхор тасвир меёбад. Масъалаҳои асарҳои мазкур ба мавзӯи асосии адабиёти давраи ҷангӣ муносибати қавӣ доранд. Нависанда корномаҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.

Мақолаҳои оид ба забон таълиф намудаи С. Айнӣ фарогири забоншиносӣ, масъалаҳои назариявии забоншиносӣ нестанд. Онҳо ба вазифаҳои амалии забони тоҷикӣ, беҳтар шудани сифати забони адабии тоҷик саҳеҳтар ва ғанитар шудани қоидаву меъёрҳои забони адабӣ, хубтар гардидани забону услуби адабиёти садаи ХХ тоҷик бахшида шудаанд. Дар солҳои 1928 - 1930

пешина
аз 343
навбатӣ