Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

«Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст. Устод ҳанӯз аз солҳои 1919-1920 дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаори «С.М.», «С.Х.», «Қ.А.», «С.Қ.», «С.А.», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии узбекии «Таёқ», «Машраб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол» мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи узбекии «Меҳнаткашлар товуши» ва «Овози тоҷик» фаъолияти публисистии С.Айнӣ инкишоф ёфт. Мақолаҳои публисистии С.Айнӣ чун жанри фаврӣ ва рӯзмарра муносибати нависандаро ба муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ба таври возеҳ ифода менамоянд. Масалан, дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ масъалаи хондан ва саводнок шудани аҳолӣ, махсусан ҷавонон, аз муҳимтарин ва заруртарин масъалаҳои рӯз ҳисоб мешуд. Устод дар мақолаҳои «Сайф ва қалам» (1920), «Акнун навбати қалам аст» (1920), «Ҳафтаи атфол чист?» (1921), «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» (1921), «Ба атфоли хурдсол ёрмандӣ намоед» (1921) ва ғайра аҳамияти савод омӯхтан ва дониш андӯхтанро дар ҳаёти ҳар шахс ва ҷомеа ба таври возеҳ таъкид мекунад. Ё худ муҳимтарин воқеаи сиёсие, ки соли 1924 дар ҳаёти сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй дода буд, ин тақсимоти ҳудудҳои миллии Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буд. Ба ин муносибат пантуркистон ва миллатгароён, ки халқи тоҷикро аз мактабу маориф ва матбуот бебаҳра кардан мехостанд, муборизаро ба муқобили ин қавми кӯҳанбунёд аз нав авҷ доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобилияти танқилотӣ дар тоҷикон» (1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) ва барин мақолаҳои

пешина
аз 343
навбатӣ