Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Рӯзи панҷшанбе аввали рӯз нек то
баромадани офтоб, он гоҳ бад бошад то
аср, он гоҳ нек бошад то хуфтан

Он қадар шикаст хӯрдам, то оқибат роҳи шикаст
доданро ёд гирифтам. (Аз китоби "Шабистони
маърифат")

Шикаст-роҳе ба сӯи ғалаба

Чанд рӯз аст, ки ба худ намеоям. Асабам харобу кори дилам номуназзам, хобҳои шабам нороҳату андешаҳои дарҳаму мубҳам маро ором намегузоранд. Бисёр алам кашидам. Алами ман на аз он буд, ки аз вазифа барканорам карданд. Аммо алами ман аз он буд, ки заҳмату такопӯҳои ман дар роҳи худшиносиву ҳақшиносии миллӣ барҳабас монд. Алами ман аз он буд, ки туфайли бегонапарастии ҳаммилатони худам ояндадорони миллат-кӯдакони маъсумро бо роҳи бегонаҷӯй ва тарбияи ахлоқи ғайритоҷик ба воя мерасанд.

Бисёр дар танҳоӣ ашк рехтам, ки боиси боз ҳам харобтар шудани асабу бадшавии кори дилам гардид. Бо он ҳама маро хаёли чеҳраи кӯдакони бегуноҳи кӯдакистон, ки ман ба онҳову онҳо ба ман одат карда будем, гоҳ-гоҳ хуш нигоҳ медошт.
Баробари ба хотир овардани чеҳраи эшон дилам андак оромиш мегирифт. Ин шабу рӯзҳо шавҳари меҳрубонам пайваста дар канорам буд. Маро ба ороми даъват мекард. Хандаҳои бегаши фарзандонаму меҳри гарми онҳо маро андак бошад ҳам аз банду қайди ғами рӯзҳои паси сар кардаам, мераҳонид. Аммо бо ин ҳама, дар хуну раги ман ҷӯшиши шараёни ҳақпарастиву адолатхоҳӣ ва ватандӯстиву миллатхоҳӣ боз наистод. Ҳанӯз дар ақидаи пайдо кардани калиди ҳақиқат устувор будам.
Аммо ин сирро ба шавҳарам ҳанӯз накушода будам. Ман аз ин шикаст ба шӯриш ва ғалабае омода будам, ки худам медонистаму Худои ман.

пешина
аз 385
навбатӣ