Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мардуми кӯрдил намехоҳанд ҳарфи ҳақро бишнаванд. Охир ҳақ яке аз сифатҳои номи Худост.

Дар як ҷаласаи якҷояи кории завод, ки ман даъват шуда будам ва даъваташонро напазируфта рафта натавонистам. Зеро бемор будаму маҷоли роҳ гаштану сафсата ва маломат шуниданро надоштам. Пеш аз он ки ба маҷлиси якҷоя равам, қаблан медонистам, ки имрӯз масъалаи кории ман ҳал мешавад. Аз ин ҷониб худро қавӣ гирифтаю ҳаволашонро ба Худо карда аз хона набаромадам. Маҷлис бе ман ҳам ба кори худ шурӯъ кардааст. Ниҳоят маро дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ "несоответствует занимаемой должности" баъди як солу се моҳи расо аз кор сабукдӯш кардаанд.

Ман воқеан гуноҳамро медонам ва иштибоҳи бузургамро ҳамеша иқрор мешавам. Гуноҳи ман ин буд, ки кӯдакони маъсум дар рӯҳияи миллӣ ба воя расанду аз ҳикматҳои гузаштагон ноогоҳ намонанд. Гуноҳи ман ин буд, ки ба наслҳои ояндаи миллат ҳуввияту муҳаббати ватану миллатро ҷойгир кардан хостам. Ин аст гуноҳи ман.

пешина
аз 385
навбатӣ