Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
маорифи ноҳия ва умуман ҷумҳурӣ хидмати чашмрасу шоёне кардааст. Магар шарт буд дар чунин рӯз, ки ман бояд аз рӯи русуми миллӣ ва динӣ имрӯз дар хона посдори рӯҳи бузурги падар бошам, аммо онҳо маҳз дар чунин рӯзи мусибат ин корро карданд, чаро?—таъкид ба таъкид ишора кардам, ки кори онҳо хатосту ғайриқонунӣ ва ҳатман гӯшрас кардам, ки ҳадди аққал рӯҳи бузурги падарамро эҳтиром накарданд.
— Ман чӣ гуфтам, — ба рӯям сахт нигоҳ карда, бо як оҳанги омирона сӯям хитоб кард раиси шаҳр Савриддинова, — ҳама кор дар доираи қонун ҳал мешавад. Ин ҷо ёру дӯстбозӣ намешавад. Равед, ба суд муроҷиат кунед, бигзор аз рӯи қонун корро ҳал кунанд. Ин ҷо ҷои гӯш кардани гиряву нола ва арзи шумо нест, ман ба ғайр аз проблемаи шумо, бисёр мушкилоти ҳукуматиро дорам.
Ин охирин сухани Савриддинова буд. Дидам, ки ӯ низ хеле тағйир ёфтааст, дигар аз ӯ умедвориро мисли аз сафедор талаб кардани хурмо донистаму бе хайру хуш «судбозӣ бошад, судбозӣ-дия» гуфтаму баромада рафтам. Ӯ метавонист бо як зангаш ба раёсати завод ва шӯъбаи маориф ёдрас кунад, ки чунин кори ғайриқонунӣ ва маймунбозиву масҳарабозиро хотима диҳанд. Аммо ин корро накард. Намедонам чаро ӯ ин корро накард, аммо як чиз маълумам шуд, ки курсӣ инсонро хеле тағйир медиҳад аст. Ӯ на он Савриддиновае, ки қаблан мешинохтам, буд. Куллан тағйир ёфта буд.
Ба ёд меорам 11 ноябри соли 1989 дар таҷлили 92-солагии падарам Савриддинов (падари Гулафзо) дар анҷоми табрикоташон ёддоштҳои худро нақл карда, гуфта буданд:
«Домулло Ибни Ямин барои шахсан ман на балки нахустустодам, ки дасти каҷи маро барои навиштан рост кардаанд ва асосаш ақидаи маро барои рушди илм ва пойҳои маро барои ояндаи дурахшон устувор кардаанд. Инчунин хизматҳои падаронаашон ба одам хеле зиёд расидааст».
Аз ростӣ дилам пур аз алам шуд. Алам аз он набуд, ки вазифа аз даст меравад. Аммо аламам аз он буд, ки дар бадали ҳақталошиҳоям чаро ман пирӯз нашудам. Чаро ин идда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё