Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Тоҷири мусофир ва роҳбалади дарундор аз шаҳр ба канор баромаданд. Саҳрои нопайдоканор ва ҷо-ҷо сиёҳиҳои тирафом ва иморатҳои тоқа-тоқа метофтанду бас. Ин манзараи нохуш ба меҳмон нафорид. Ба дилаш хомӯшаки шубҳаю гумон неш зад. "Мо ба куҷо омадем, куҷо равонаем?". Чаро ман дар ин шаҳри бегона аз пайи як одами ношинос гӯсфандвор орому осуда рафта истодам? Дар ин гӯшаи бекас фалаки ҷафопеша ба ӯ чӣ диданӣ оварданист? Ё ба банди дому фиребу найранг афканданист?
Агар ту нестӣ дар ошиқӣ хом,
Биё, магурез аз ёрони бадном.
Ту он мурге, ки майли дона дорӣ,
Набошад дар ҷаҳон як дона бедом.
Дар ин шоми ғарибона, дар мавзеъи ноободу ношинос бетанбӯр танҳоӣ сахттар эҳсос мешуд. Аммо сар набохта, бардамона пай мебардошт. Намехост, ки ҳамроҳаш гумони ба боми дилаш мисли жола боридаю аз таркише гузашта ба хона ғамидаро пай барад. Як сулфид, ки мабодо оҳанги гуфтораш дигар шавад. Гӯё бари ҷомаашро такконида, камарбандашро соз карда монд. Хайрият, корди миёнаш дар ғилоф будааст.
Мехост пурсад, ки хӯҷаин дар ин гӯшаи нообод ба ӯ чӣ кор дорад? Ин чӣ базму зиёфате будааст, дар ин харобазор? Лекин тарсид, ки овозаш аз ҳаяҷони андаки ба вуҷудаш роҳ ёфта хабаркашӣ мекунад.
- Омадем, - гуфт роҳбалад ба як ҳавличаи канории зоҳиран бекас ишора карда. Роҳ ба сӯи гап тоб хӯрд. Ду нафар акнун аз байни хорзору буттазори пасти сари баланди қадам мезаданд. Аз рост ҷариИ калоне як канори маҳаллаи иморатҳояш танҳо-танҳои бесоҳиб ва аз ҳам дурро иҳота карда буд. Зери ҷарӣ хорзору найзори анбӯҳе буд. Ин нишонаи сернамӣ ё оби заҳ аст, ҳарчанд худи об наменамуд ва шав-шуви он ҳам ба гӯш намерасид. Оромиро ғавғои селай зогу колхот халалдор мекард. Чанд ҷасади касони лаби ҷарӣ меҳмонро безобита накард. Лошахӯрҳо ҷасади беҷони тӯъмаеро ҳарисона ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор