Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ва соҳаи нақлиёти ҳукумати вилояти Суғд дастгирӣ карда мешуд. Аммо пурра бар хилофи талаботи банд амал кардаанд.
Баръакс бо ахбороти бардурӯғ, ки гӯё "корпартоии ронандаҳо, эътирози мардуми шаҳраки Нефтобод баргузор шуда, вазъи сиёсии шаҳрро халалдор карда бошад", бовар кунониданӣ шуданд. Оиди ин масъала маълумотномаи Раиси шаҳраки Нефтобод-Аҳмадалиев С. аз 15 июни соли 2009 таҳти №87 чунин омадааст:
"Истиқоматкунандагони шаҳраки Нефтобод дар баробари хизматрасонии автобусҳо ба микроавтобусҳо эҳтиёҷ доранд. Аз 01.04 то 15.06.2009 дар ҳудуди шаҳраки Нефтобод оид ба хизматрасонии автобус ва микроавтобусҳо аз тарафи истиқоматкунандагон ягон эътироз ва гирдиҳамоӣ содир нашудааст".
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба асли воқеа сардори шӯъбаи ҳуқуқи Вазорат Машарипов Н.А. шахсан тавассути алоқаи телефонӣ бо сардори Раёсати амнияти вилояти Суғд дар ш. Исфара Абдураҳимов Шамсиддин ҳамсӯҳбат шуд. Абдураҳимов ҷавоб дод, ки: "ин гапҳо асос надоранд, дар шаҳр ва ноҳияи Исфара ягон намоиш ё гирдиҳамоӣ нашудааст".
Пас маълум мешавад, ки он эътирозчиёне, ки иборат аз 2 нафар коргарони соҳаи тандурустӣ (фаррошзанҳо), ки зидди ҶДММ "Наҷот" баромадаанд, кори роҳбарияти се Ҷамъият ("МНА-35", "Арсенал", "Танзим") буда, аз тарафи масъулини манфиатдор обуранг дода шудааст.
Ҳамин тавр, хулосаи санҷиши хизматии гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси масъулини ҳукумати ш.Исфара дар шахсияти раиси шаҳр Ёқубова М.Б. ва хусусан муовини раис оид ба шаҳрдорӣ (Абдурофиев М.), ки чун ҳарвақта ба ҷои иҷро кардани вазифаи бевоситааш вобаста ба инкишофи соҳаи нақлиёт, баръакс кор мекардаанд, на танҳо дастгирӣ наёфт, гуфтан мумкин аст, ки бархилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, ки дар Вазорат ва зерсохторҳои он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор