Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
халқамон обод мегашт. Хулоса кардам, ки мард будан осону ҷавонмард будан мушкил будааст. Маъзарат мепурсам, ки аз мавзӯи асосӣ дур гаштам.
Воқеан хатсайри 4 ва 5 якбора ба фаъолият шурӯъ кард, аммо ғайриқонунӣ. Ғайриқонунӣ аз он хотир аст, ки маҳз ба ронандагони хатсайри ба ҷамъияти мо вобаста буда, халал расонидан ва вазъиятро тундтар кардан буд. Онҳо медонистанд ва аз нороҳатии мо кайф мекарданду ҳатто дар нӯшбодҳошон чунин шояд мегуфтанд:
"Албатта аз ин вазъият роҳбари "Наҷот" боз ба шикоят мебарояд. Боз арзабозиҳо аз ҷониби "Наҷот", ки аксар аз курсиниҳои болоӣ қимоб гаштаанд, сар мезанад"
Аз ҳама нафратовараш он, ки аз ин ҳаракати ду хатсайри дар боло зикршуда раиси шаҳр М. Ёқубова бехабар будаанд. Дар ҳақиқат аз ҳаракати ғайриқонунии ин сайрҳатҳои пушту паноҳдор байни ронандаҳо боз низоъ хест.
Маҷбур шудем боз ба масъулин ва муовини раиси шаҳр Мамадҷонов ва Бобоев арз намоем. Вале онҳо китф боло карда "охир мо надонем, инҷо инспексия ҳаст, ГАИ ҳаст... охир ба он мақомот арз кунетон" посухи эшон буд. Ҳол он ки шӯъбаи хадамоти назорат ва танзими шаҳр аз ин масъала бохабар буд, вале чашм ба кӯрӣ ва гӯш ба карӣ заданд.
Ниҳоят ба Сардори "Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ" хаттӣ муроҷиат намудем. Намояндае аз ин хадамот омад, санҷиш гузаронид, агарчанде камбудию сохтакории ин хатсайрҳоро ошкор баён накарда бошад ҳам, ҷавобан ба шикоятномаи мо аз ҷониби сардори Хадамоти марказ мактуб омад, ки мухтасаран мазмуни асосиашро рӯи коғаз меорам:
Мувофиқи баёнотҳои ронандагон аён мегардад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётии ин хатсайр (4) ба сайрҳати № 8 (Давродавр) халал ворид намесозанд. Оид ба ронандагони ҶДММ "Арсенал", ки дар рӯзи якуми кушодашавии сайрҳат ба хатогиҳо роҳ дода, ба сайрҳати № 8 халал ворид сохтаанд, аз тарафи нозирони Раёсати минтақавии Хадамот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор