Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҳамин дам ҳимоятгарам Раҳматуллоев маро дошта ба оромӣ даъват кард ва шавҳарам низ тақозо кард, ки ором бошам.
-Ҳоҷиоя, инҳо мард не, инҳо мисли сангу оҳан мавҷудоти тамоман беҳиссу дарканд. Чаро худро ба азоб мононда ин тавр мегӯед?
Онҳо маро ҳар ду ба канорае кашиданд, то ором бошам. Он лаҳза бароям рӯшан шуд, ки оқибати суд чӣ гуна мешавад. Ман говсуд будани онро пешакӣ эҳсос кардам ва аммо бо вуҷуди ин то ба анҷом расидани баррасӣ дандон ба дандон монда тоқат кардам. Аз ҳама муҳим чор муштро фаҳмидам, ки чӣ касонанд. Се ҷамъияти Шокиров ва ИНҲ. Барҳақ ин буд муроди аз чор мушт гуфтани эшон, ки алайҳи ман бархоста буданд. Аммо то ба ҳанӯз андеша мекунам, ки ба шаъни ин мардон чӣ гуна бешармона мезебад, ки дар муқобили як зани муштипар истодагӣ кунанду бо ҳар роҳу восита аз паи хафа карданам шаванд?
Ин буд, ки баъди ду рӯз ҳимоятгарам бо ҳоли ошуфта ба наздам омаду аз чеҳрааш хондам, ки хеле парешону пуризтироб аст. Ҳол пурсидам ӯ гуфт:
-Ҳоҷиоя, ман дигар шуморо ҳимоят карда наметавонам,- маъюсона ба сухан оғоз кард, -намехоҳам, ки аз пушти кори шумо маро аз кори донишгоҳ биронанд.
Ба сарам гурзе гӯё зад. Садоям дар гулӯям мисли ях шах шуд. Аз тааҷҷуб намедонистам чӣ гӯям. Бо ин ҳама:
-Чаро? Сабаб чист?-тез-тез пурсидам ман.
-Раёсати донишгоҳ бо кадоме аз ҳарифони шумо дӯстиву ошноӣ доштааст. Фақат ин ҳарфамро ба касе нагӯед, илтимос. Маро огоҳ карданд, ки дар сурати идомаи ҳимояи шумо маро аз кор меронанд.
Мадори дасту поям хушк шуд. Разолати ошнобозиву маҳалгароиро он лаҳза баръало бо чашмонам дидам, ки инсонҳои поку равшанзамир низ дар баробари бозиҳову дасисаҳои дигарон маҷбур мешаванд аз кори ҳақиқат даст некашанд. Охир бечораи ҳимоятгарам Раҳматуллоев низ ҳақ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор