Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хулосаи дар дасти раисикунандаи суд С.Каримов буда, тамоман фарқ мекард. Дар он хулоса тамоман факту далелҳо вожгуна оварда шуда буд, ки гӯё мо дар ҳама ҳуҷҷатгузориву корҳоямон нуқс дорем. Дар санад бошад, аз ҳама ҳайратовараш танҳо имзои аудитор Ҷумъаев буду халос. Гузашта аз ин, кашолкории судя моро хеле сарсон кард.

Ҳарчанд ба судя Каримов илҳоқу зорӣ кардам, аммо фаҳмидан нахост. Дарк кардам, ки аз ҷониби се ҷамъияти ҷвобгар ба ӯ чизе расидааст, ки ин қадар ҷонибдори онҳо шуд.

Ман ҷонибдории судяро борҳо дар рафти баррасии парванда мушоҳида кардам. Рӯзе ҳангоми мурофиаи судӣ судя Каримов танаффус эълон кард. Ҳама берун шуданду мардон аз паси сигоркашӣ шуданд. Дидам, ки ҳар боре танаффус шавад, Тӯхтаев ва Сайфиддинову чанде дигарон бо Каримов дар кунҷе пичир-пичир мекарданд. Бар замми ин рӯзе ҳангоми танаффус ману шавҳарам ва ҳимоятгарам Раҳматуллоев (муаллими донишгоҳи ҳуқуқи ДДҲБСТ-и шаҳри Хуҷанд) ба канорае баромада маслиҳат мекардем. Ин дам бо гӯшам баръало шунидам, ки дар пуштам он сӯтар, дар таги дарахти тут тахминан 5-6 метр Каримов бо муқобилонам сӯҳбати дӯстона дораду қоҳ-қоҳи хандаи эшон ба фалак мепечид. Ин лаҳза кадоме аз онҳо бо овози шунаво гуфт:

  • Чор мушт чор мушту як мушт як мушт-да. Араис, чӣ гуфтед?

Каримов ҳам бо посухи кӯтоҳи "бале, албатта" ба сӯҳбати дӯстон хандаи дигареро зам карду қоҳ-қоҳашон аз пештар бештар баландтар гардид.

  • Боз ин чор мушти холӣ не, чор мушти пур. Наход як мушти холия зӯраш ба мо расад? - дигаре аз онҳо инро суолгуна ба миёни қаҳ-қаҳаашон ҳавола карду хандаи эшон осмонкаф шуд.

Дигар тоқат карда натавонистаму рӯямро ба тарафи онҳо гардонидам. Бо тамоми вуҷудаму нафратам:

  • Чор мушти пур бошед ҳам, ба мушти Худованд зӯри касе аз шумо намедонад. Иншооллоҳ рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад. - инро гуфтаму гӯлӯямро чизе гирифт.
пешина
аз 385
навбатӣ