Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ман ҳарчанд исрор кардам, ба ӯ фаҳмонидам, ки бо дер шудани се дақиқа замину осмон ба ҳам наомадааст. Аммо Шокиров аробаи хушку холиро гирифта мегурехт. Ҳеч чизро фаҳмидан нахосту дар Исфара вазн доштани худро исбот карданӣ шуда, бе ибову истиҳола ҳарфҳои подарҳавояш баланд шудан гирифт. Мурод Қодиров бошад, чун саҳнаи пешакӣ тайёршуда, ба Ҳоҷиев часпид. Ҳар ду хеле баҳс карданд, ки ҳамаи бошандагони саристгоҳро бо шӯру валвала гирдашон печониданд. Ахиран бо вуҷуди хоҳишу таваллои ман нигоҳ накарда аз дохили нақлиёти мо Шокиров тавонист 13 нафар мусофиронро маҷбуран фарорад. Аксари ҷавонони ба ғазаб омада, ба автобус нанишастанду сӯи таксӣ равон шуданд.
Аз ин ҳиҷолатзадагиву навмедӣ маҷбур шудам бо ронанда Бердиев бе мусофирон ба самти Хуҷанд равона шавем. Вақте ба посгоҳи даромади Қистакӯз (дар сарҳади мавзеи Арқаи Қирғизистон) расидем, он ҷо корманди бозрасии давлатӣ моро доштанд. Панҷ-шаш нафар ба назди нақлиёт омаданд, ки ду нафарашонро шинохтам. Яке Абдумаҷид ном шахсе буд, ки лақаби "Лейтенант"-ро дораду дигаре Абдусамад Чуманбоев буд. (Ин шахсон ронандагони автобусҳои автобазаи №31 буданд). Ин гурӯҳ аъзои комиссия буданду бояд, ки ҳуҷҷати нақлиёт ва ронандагонро бисанҷанд. Инчунин ҷадвали ҳаракатро низ ҷиддӣ аз назар мегузарониданд. Моро низ тафтишу санҷиш карданд.
...Фаъолияти ин комиссия қариб ду моҳ тӯл кашид, ки ронандагони мо ба дод омада буданд. Ноадолатиҳое, ки дар ҳаққи ронандагони ҷамъияти мо карданд, метавон ба ниқори рақибонам марбут донист. Ин комиссияи муштарак низ силсилаи як занҷири ҳарифонам буданд. Ин гуна комиссия дар самти Исфара-Хуҷанд-Истаравшан низ фаъолият доштанд, ки бедодгариро ба авҷи аълояш расониданд.
Вақте ки аз назорати посгоҳи даромади Қистакӯз гузаштем, ба саристгоҳи Хуҷанд ворид гаштем, дар он ҷо ҳам "узвҳои комиссияи муштараки босалоҳият" ҳузур доштанд. Тамоми рӯз нагузоштанд, ки нақлиёти мо он ҷо дохил гарданд. Супориши

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо