Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

талаби оҳанин кард. Бароям аламовар ин буд, ки ӯ ин гуна талаботро аз ҷамъиятҳои рақибонам накардааст...

Аз соати 4-и субҳ мо роҳбарияти ҳар ду ҷамъият ва ронандагон бо нақлиёташон ба идораи литсензионӣ ҳозир гаштем. Аммо аз Маҳмуд Ҳоҷиев дарак набуд. Борҳо ба хонааш рафтем. Хонаи истиқоматиаш ба ҷои кораш наздик аст.
Наздик ба соати 6-и субҳ буқ-буқкунон омад.

-Соати кории ман аз соати ҳашт сар мешавад,-пайваста ин гилаашро ба таври норозӣгӣ ба мо баён кард.

Ин ҳарфҳои сарду муносибати бедилона ва дермонии Ҳоҷиев фоли нек набуд. Дилам гувоҳӣ дод, ки имрӯз балои дигаре мехезад. Бо вуҷуди ин хурсанд будам, ки ахиран ронандагони ҷамъияти ман ба хатсайри Хуҷанд мебароянд.

Комиссия ҳам ҳозир шуд. Шаш адад нақлиёти ҷамъияти мо аз назари комиссия гузашт. Вале ҳамагӣ се адад нақлиёти МНА-35 ва "Танзим" аз комиссия нагузашт. Ронандаю нақлиёти берун аз рӯйхатро Қ.Сайфиддинов-директори ҶДММ "Танзим"
даъват кард. (Дар баъзе ҷойҳо Сайфиддинов бо номи Қобил ва дар баъзе Савриддин Сайфиддинов омадааст, ки то ба ҳанӯз номи аслиаш кадом, маълум нест)

Хулоса бо ин ҳама воҳимаю шаҳомату карру фарр сардори инспекцияю "комиссияи босалоҳият" соати ҳаракати якум рейси нақлиёти ҷамъияти мо дар асоси вақти муайянкардаи ҷадвали ҳаракат се дақиқа дер монда ба саристгоҳ ворид гашт.

Дар саристгоҳ як гурӯҳ донишҷӯён ва мусофирони мунтазири нақлиёт бо баробари микроавтобуси наву тозаро дидан, бо шодию ҳайу-ҳӯй худро ба дохили он заданд. Аммо шодию тантанаи онҳо дер давом накард. Ҷаноби Шокиров бо ҷаҳлу ситеза ҷониби ман овоз баланд кард:

-Шумо қонунро вайрон кардед, дар асоси ҷадвал бояд як соат пеш ба саристгоҳ нақлиётатон мусофиронро мунтазир шуда меистод. Вале ҳоло як соат он сӯ истад, барои соати ҳаракат 3 дақиқа нақлиётатон дер монд. Акнун ҳаққи ба роҳ баромаданро надоред. Бояд ба ҷои нақлиёти шумо автобуси автобаза гардад.

пешина
аз 385
навбатӣ