Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯшфиқам, шукри мустаҷоб шудани дуои рӯҳи гузаштагони он оромгоҳҳое, ки дар зиёраташон будам, шукри дуои хайри пиронсолони маҳалла ва дӯстон, ки роҳи сафар бароям ҳамвор шуд.

Пас аз намози аср вақте ки ба тайёра нишастем бо баробари домулло Ҳоҷӣ Абдулло Калонзода бо тантана "Лаббайка-оллоҳума лабайк, лаббайка ло шарика лабайк, иннал ҳамда вал неъмата лака вал мулк, ло шарика лак"-ро зикр кардан ҳама баробар бо ин шиор ҳамовоз шуданд. Агарчанде дилам дар ғалаёни шодӣ буд, вале гулӯямро чизе мефишурд, ҳамоно ашк аз чашмонам ҷорӣ гашт. Муддати чор соати парвоз ашки чашмонам хушк нашуд. Пайваста аз меҳрубонии Худованд ва шодии моломоли ботинам бесадо гиря кардам...

11 апрели соли 1997. Шаҳри Маккаи мукаррама, байтуллоҳи муқаддас. Дар ин макони муаззами обод имрӯз аллакай дуввумин рӯзи тавофу зиёратамон аст. Дар ҳақиқат Худованд назари муҳаббат, раҳмат ва баракаташро ба ин манзил бедареғ рехта будааст. Қаблан аз ҳоҷиён тавсифи ин маконро шунида будам. Нақли эшон аҷаб гуворо буд, гӯё ҳангоми шунидан хаёл мекардам, ки ширинтар аз ин афсонаи зиндагии воқеӣ нест. Аммо "шунидан кай бувад монанди дидан" барҳақ будааст. Дар ҳар қадам инсони андешаманд ба худ як мактабе кашф менамояд, ба худ пайроҳаи дарси ибрате мекушояд, дар вуҷуди худ раҳмати бениҳояти Парвардигори якторо эҳсос мекунад.

Бе сабаб нест, ки ҳама бандаи мусалмон орзуи якумрӣ дорад, ки дар ин макон дафн шаваду насими ҷонфазои Каъбатуллоҳ рӯи мадфанашро ором-ором навозиш кунад. Бесабаб ин ҷоро макони ошиқони Худованд ва васлгоҳи дилдодагони роҳи ҳақ намегуфтаанд. Бе сабаб ин миодгоҳи илоҳиро сабзишдиҳандаи ақлҳо намегуфтаанду бесабаб ин сарзаминро имтиҳонгоҳи имондорон ва моликини виҷдон намехондаанд. Ман шоҳиди ин ҳама дастгоҳи малакутии Рабби азим шудам.

пешина
аз 385
навбатӣ