Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Бо баробари нақли модарам ба дилам нуре ворид гашт, шаби дароз нахуфта будам, дилам андӯҳзада аз он буд, ки агар кор ноомад кунад, мабодо аз сафари ҳаҷ мутаваққиф бишаваму, ноумед боз ба хона барнагардам, гӯён андеша доштам, рӯҳам ором гирифт. Пас аз наҳорӣ дар соати даъват шуда бояд ба масҷид ҳозир мешудам. Аммо бим аз он доштам, ки агар рӯйхати ман дар сафи зоирини ҳаҷ набошад, боз асабонӣ шуда, дилам фишор мехӯрад. Аз ин хотир шавҳарамро ба масҷид фиристодам.
Тахминан соати 9:00 ба масҷид занг зада, аз домулло Муҳаммадҷон, хоҳиш кардам, ки дар ин зимн агар хабаре шавад, ба ман иттилоъ бидиҳад. Рақами телефони соҳибхонаро низ гӯшрасаш кардам, то ноогоҳ намонам. Аз ин рӯ, бесаброна гоҳ беруну гоҳ дарун даромада, чашмамро аз телефон накандам. Мунтазири занги телефон хеле дар ҳаяҷон ғӯтавар шудам.
Соат 11:15-ро нишон дода буд, ки занги телефон садо дод. Бидуни фаҳмидани он ки оё ин занг барои ман аст ё на, аз ҷоям бо шаст боло шуда сӯи телефон давидам. Ҳатто дар ин хонадон меҳмон буданамро фаромӯш карда, осемасар гӯширо бардошта лаббай гуфтам.
-Алло, муаллима шумо? Шодиёна диҳед, насаби шумо низ дар рӯйхати озимини ҳаҷ шомил шуда будааст. Зуд тайёр шуда биёед,-аз он сӯи телефон садои домулло Муҳаммадҷонро шунида, ҳатто раҳмат гуфтанро қариб фаромӯш кардам. Изҳори ташаккур намудаму гӯширо монда, аз хурсанӣ аз ҷой хестам.
Пас аз панҷ дақиқаи ин хабари телефонӣ шавҳарам низ бо чеҳраи хандон омада, зуд омода шудани маро дархост кард. Аз шодию нишот сару калобаамро гум кардам. Намедонистам чӣ чизамро бояд бигираму кадомеро аввал ғун кунам. Шавҳар ин ҳоли маро пай бурда, худ аз паи бардоштани сумкаҳои ман шуд.
Шукри меҳрубонии Худованди Азза ва Ҷалл, шукри дуои неки рӯҳи поки қиблагоҳиам, шукри муноҷоти модари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё