Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Ман дигар як лаҳза ҳам кор карда наметавонам, -гапашро буридам, -он чӣ дар тавони ман буд, ман ифои вазифа кардам. Он рисолате, ки доштам, комилан адо кардам. Зеро ҳашт гурӯҳи кӯдакистонро ба таври пурра ба гурӯҳҳои миллӣ баргардонидам. Мутахассисони заруриро сари кор овардам. Ин ормони ман буд ва ба муродам расидам, дигар бароям коре дар ин кӯдакистон намондааст, -исрор намудам.
-Не ман имзо намемонам, -чашмашро аз рӯи ариза набардошта посух дод Каттаев.
Дидам, ки ӯ намегузорад, ки аз кор равам:
-Ба ариза имзо гузоред ҳам мераваму нагузоред ҳам меравам, -инро гуфтаму бидуни хайрбод аз дафтари кориаш ба берун ва баъд рост ба хонаам рафтам.
Шомгоҳ сари хӯрокхӯрӣ ба шавҳарам имрӯза корро ба таври мухтасар гузориш додам.
Аз миён қариб як ҳафта гузашт. Ба ҳузури Каттаев шавҳарам даромада, ҳам хаттиву ҳам шифоҳӣ талаб кард, ки маро аз кор мураххас намояд. Ахиран Каттаев дид, ки дигар илоҷе нест, маҷбур фармони аз кор рафтани маро содир кард.
Инак ман будаму кори хона. Ба коргоҳи шавҳар то ҳадде кӯмак мекардам. Аз ростӣ, дар хона рӯзҳо менишастаму дарк кардам, ки ман ҷинси зан ҳастам, ман модар ҳастам. Зеро то ба ин лаҳзаҳо дар арсаи ғавзову аризабозиву суддавиҳо ҳатто фаромӯш карда будам, ки ман зан-модар ҳастам.
Хонандаи закӣ баъди мутолиаи ин воқеаи пурмоҷаро худ ба хулосаи дуруст меояд: Ман ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз миллатгаро ва сабабгори ин ҳама талошу кашмакашҳо набудам. Тавре чунин айбҳоро зӯран ба ман часпониданӣ мешуданд, танҳо барои ҳақиқат ва инсофу адолат, ҳаққу ҳуқуқи қонунии бо забони модарии худ таълиму тарбия гирифтани фарзандони тоҷик дар Ватану кишвари худамон кӯшиш ба харҷ дода, алорағми тӯҳмату бӯҳтон ва фитнаю иғвои чанд шахси ғаразпеша мубориза бурдам. Бо дурустӣ, ман нисбати халқи рус ягон даъвою иддао надоштам ва надорам, баръакс чунин мешуморам, ки бисёр фарзандони некирода ва поксиришти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё