Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ҷиддӣ мегӯям, муаллим, ҷиддӣ, - нигоҳамро аз рӯи миз наканда таъкид доштам.

Дар ариза бо сабаби фишори муқобилонам аз кор рафтанамро таъкид дошта будам. Аз чеҳраи Каттаев пайдоям шуд, ки хеле мутассиф аст. Ӯ бо овардани ман ба сари мудирии кӯдакистон мехост як кори неке дар ҳаққи миллат анҷом бидиҳад. Аммо дар ҳузури дасти тавонои як идда ошнобозу шиносбозиҳо Ӯ низ бечораву оҷиз буд. Ин дам аз чеҳрааш бармало шуд, ки аз рафтани ман низ ғарқи афсӯс аст. Ҳарчанд дилаш рафтани маро намехост, наметавонист аз роҳам баргардонад, чунки зери фишору тазийки фишангдорони ошнобоз мемонд. Бо ин ҳама, маро аз рафтан манъ кард, хоҳиш кард, ки аз кор наравам.

Дафъаҳои қабл, ки маро барканор карда буд, ман яқин медонистам, ки ӯ ин корро аз рӯи хоҳиши худаш накарда буд. Мутмаин будам, ки ӯ аз ноилоҷӣ зери фишорҳои махсус фармони барканории маро судур карда буд.

Баъди додани аризаи аз кор рафтанам, хаттӣ аз Каттаев хоҳиш кардам, ҳангоми прогули маҷбуриям, ки маош нагирифтааму тибқи қарори суд бояд он аз ҳисоби завод пардохт карда мешуд, он маблағро ба хона-интернат гузаронад. Зеро суд қарор карда буд, ки маоши прогулҳои иҷбории ман пардохт карда шавад. Аммо ба барқарор шуданам ду моҳ мешаваду завод ҳеҷ дар фикри пардохти маошам набуд. Аз ин рӯ, қотеона талаб кардам, ки он маош барои зарур нест ва он маблағро ба ҳисоби хона-интернати шаҳр гузаронанд.

Ин дархости ман Каттаевро аз кор рафтанам зиёдтар ба ташвиш овард. Зеро ҳалли ин қазия ба дасти пурқудрати сегонаи завод буд. Сарашро бо ишораи ризоият ҷунбониду ба коғазҳо тӯлонӣ чашм андохт. Аммо ба аризаи аз кор рафтанам имзояшро нагузошт.

— Муаллима Исомаддинова, — ахиран ба гап даромад Каттаев, — ман ба аризаи шумо имзо намегузорам, шумо бояд баъди ин ғалабаҳо кор кунед. Акнун фурсате расидааст, ки бояд худро нишон диҳед, — як навъ барои муфаҳмониданӣ шуд ӯ.

пешина
аз 385
навбатӣ