Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ӯ маро ба оромӣ даъват кард. Баъдан бо нармӣ гуфт:
-Исомаддинова, ман таҷрибаи зиёди адвокатӣ дорам. Ман ҳам кӯр нестам, кормандони суд ҳам нобино нестанд. Ба девона ҳам маълум, ки аксари имзоҳо сохтаву қалбакианд.

-Аз куҷо маълум, ки имзоҳо тақаллубкорианд? Кӣ тасдиқ карда метавонад, ки имзоҳо сохта шудаанд?-дар ивази оромкунияш боз аз пештара бештар шӯрида гуфтам.

-Якум,-Наил ангушташро болои ҳам хобонида гӯё ҳисоб мекарда бошад ба ман нигоҳ карда гуфт,-ранги ручка яххела, дуввум, тарзи хатнависии як ё ду нафар ҳангоми имзоҳо ба назар мерасад, саввум, маълум аст, ки ин кори як ё ду нафар муқобилони ту ҳасту халос, бовар дорам, ки кормандони кӯдакистон муқобили ту ин гуна сияҳномаро наменависанд. Ман бо ҳар яке онҳо сӯҳбати алоҳида кардаам,-бо нармӣ фаҳмонид ӯ.

Дар дил худи ман низ тасдиқ кардам, ки ин имзоҳо аксар қалбакӣ ҳастанд. Аз ин рӯ камтар ором шудам. Зеро медонистам, ки аксари кормандони боғча тарафдори ман буданд. Онҳо низ аз режими ғайритоҷикгароӣ ва худкомагии маъмурияти завод безор буданд.

Рӯзи дигари суд Каттаев, Зайтсев, Парпиев, Солиев, Тӯхтаев, Эшонов ва дигар маъмурини завод ба суд омада буданд. Дидам, ки Акчуринро Каттаев ба ҳузураш хонд ва ба кунче истода, пинҳонӣ сӯҳбат карданд. Ман, ки дар берун ғарқи андешаҳо меистодам, пас аз фурсате Акчурин наздам омаду:

-Каттаев, медонӣ, чӣ мегӯяд?
-Хӯш, чӣ мегӯяд?-пурсидам ман.
-Чӣ мегӯяд? Сулҳ мегӯяд албатта, -кӯтоҳакак аммо чистонвора посух дод Акчурин.

-Охир ман-ку бо Каттаев қаҳрӣ нестам, пас чӣ гуна сулҳ будааст? -аз пештара боз бештар ҳайратам афзуд.

-Хулоса ҳамин,-Наил андак дамашро гирифту чеҳраашро ҷиддӣ гирифта ба гап даромад.- Каттаев пешниҳод мекунад, ки бидуни қарори суд ӯ мехоҳад роҳи мусолиҳаро пеш гирад ва туро ба кори пештараат барқарор кунад. Ӯ омода аст, ки

пешина
аз 385
навбатӣ