Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Акчурин аз ҷояш хесту аз судҷа хоҳиш кард, ки номаро бо чашми худаш аз назар бояд гузаронад. Судҷа иҷозат дод.
Муқобилонам гӯё дар чойхона нишаста бошанд, такя зада, бо ҳам пичир-пичир гӯшакӣ мекарданду хеле қаноатманд буданд. Акчурин, ки хеле марди зираку доно ва босаводе буд, гаштаву баргашта мактубро хонд. Мушоҳида кардам, ки дар аввали хондан чеҳрааш яъсзада шуд. Сониян баъди чанд дақиқаи дигар табассуми малеҳе гирди лабонаш давр заду дасташро боло карда иҷозаи сухан гуфтан пурсид. Аз ин ҳолати ӯ ман дар ҳайрат шудам.
- Мӯҳтарам судҷа, пеш аз он ки ба қарори қатъӣ оем, ман талаб мекунам, ки дурустии имзоҳо санҷида шавад. Маъзарат мехоҳам, аммо аксари имзоҳо ба назари ман шубҳаовар ва қалбакӣ метобанд, - мактубро андак боло бардошта, ба судҷа нишон дода истода, бурро-бурро фикрашро баён дошт.
Аввал хомӯшӣ ба миён омад. Оҳиста-оҳиста ғавғои муқобилонам тадриҷан баланд шудан гирифт. Онҳо доду фарёдкунон талаб мекарданд, имзоҳои мактуб ҳақиқат дорад. Баъзе нишаста, баъзе нимхез шуд, баъзеи дигарашон аз ҷояшон боло шуда гулӯяшонро дарронида ҳарф мезаданд. Судҷа болғачаро барои хомӯширо ба миён овардан ба рӯи миз кӯфт. Ҳама хомӯш шуданд.
Гузоштани нуқтаи охирин ба баррасии парванда як сӯ фурӯгузор шуд. Судҷа бо таъсиси як комиссияи вижа пешниҳод ва талаб кард, ки ҳақиқати имзоҳо санҷида шавад, баъд ба қарори охирин хоҳанд омад. Бо ҳамин кори имрӯза ба охир расид.
Ба мошин нишастаму дилам буғз пайдо кард. Сарамро ба оинаи мошин такя дода, аз таҳти дил хеле гиря кардам. Ин ҳоли ман Наил Акчуринро хеле мушаваш сохт, ки ба дилбардориям пардохт. Ман шиква мекардаму ӯ бо дилпурӣ ба ман ҳарф мегуфт.
- Чӣ хел гиря накунам, ин мактуб тақдири маро ҳал мекунад. Ман сияҳном мешавам охир, мефаҳмӣ Наил? - худамро дошта натавониста бо тамоми овозам инони гиряро сар додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё