Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Зиёда аз як соат дар берун мунтазир шудам. Пой ба пой зада, аз ҳавои сарду шамоли бераҳми соҳиди дарёи Сир нафас кашидам. Хунукӣ ба устухонам мисли корд мехалид. Сулфаам аз нав хурӯҷ кард. Ҳолатамро ҳис кардам, ки боз маро бистари беморӣ мунтазир аст. Соат наздик ба 14:00 расид, бо иҷозаи посбон ба ошёнаи саввум баромадам.

Ба қабулгоҳи мудири маориф Турдиматов даромадам, дари мудир во буд. Даруни дафтари кориро дидам, ки Турдиматов нест. Дар муқобили кабинети Турдиматов боз дари нимвое буд, ки дар пештоқаш "муовини мудири маорифи вилоят Маҳмудова Мунаввара" навишта шуда буд. Аз дарун садои қаҳқаҳои хандаи занона ба гӯш расид. Андеша кардам, ки куҷо будани Турдиматовро аз муовинаш пурсам. Бо ин мақсад дарро боз кардам, ки муаллим Турдиматов дар креслои рӯ ба рӯ нишастаанду дар муқобилашон Мунаввара Маҳмудова сухан гуфта хандида истодааст.

Маҳмудова зани қоматбаланди сабзинаи хеле зебо буд. Сару либоси басо шинам мепӯшид, ки дар санъати либоспӯшӣ ҳамто надошт. Чеҳраи яҳудитаборона дошта, чашмҳояш сип-сиёҳ ва хумории назаррабо буданд.

Аз даромади нобаҳангоми ман Турдиматов дасту по хӯрда, ғарқи шарм аз ҷой бархостанд. Маҳмудова бошад дарҳол:

  • Як муаллимро тарсондам-де, - ӯ ба Турдиматов ишора карда ба шӯхӣ гузашт. - Имрӯз воқеан Азизова сардори кумитаи занҳои вилоят таъин шуданд, ба ин муносибат мо камтар банкетча кардем, - рӯи Маҳмудова сурхи алвонӣ буд, ки андак сархуш буданашро нишон медод, - ҳамун банкетчая муаллимба нақл карда истодаам, - худро камтар канора гирифта илова кард Маҳмудова.

Турдиматов ҳиҷолатзада чун фаҳмиданд, ки ман ба эшон кор дорам, маро ба дафтари кориашон даъват карданд. Ба дафтари кориашон ворид шудему сабаби ташрифамро арз доштам. Таклифнома ва саволҳоро пешашон гузоштам. Турдиматов саволҳоро хонда шинос шуда истода буданд, ки Маҳмудова боз хандакунон даромада омад.

пешина
аз 385
навбатӣ