Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

намерасад, қуввае, ки роҳбарияти завод дорад, садякашро ту надорӣ. Ба гапам гӯш накардӣ, маслиҳати Сангинов Тошӣ дуруст буд,- овози шавҳарам то рафт баланд шуда, чеҳрааш моил ба хашм шуд. Ба ҷои он ки ба ҳарфаш ягон чизе бигӯям, баръакс салоҳ донистам, ки хомӯш биншинам. Ӯро мефаҳмам, ба китфи бечора шавҳарам низ бори гарони саргардониҳои ман бор буд.

Хусусан аз санаи 28 январ ин ҷониб шавҳарам тағйир ёфта буд. Чунки айнан ин рӯз раиси суди халқии шаҳри Исфара Тошӣ Сангинов шавҳарамро ба наздаш ҷеғ зада, чиҳо гуфта бошад, худаш медонаду Худо. Танҳо ҳаминаш бароям маълум буд, раиси суд-Т.Сангинов ба шавҳарам таклиф карда будааст, ки агар ман аз суди вилоятӣ талаб кунам, ки парвандаи маро боз ба суди халқии шаҳри Исфара фиристонанд, ин корро худи Сангинов медидасту осонакак маро ба вазифаам барқарор мекардааст.

Ман ба ин таклифи шавҳарам розӣ нашуда будам. Охир чӣ гуна розӣ шавам? Агар худи Сангинов осонакак корро ҳал мекард, ҳоҷат ба судбозии вилояту шаҳри Конибодом набуд. Ӯ низ фармони болоро иҷро мекард ва маҷбур буд, ки парвандаи маро ба муовинаш гузаронад.

Аз ҳарфҳои оташину намакини шавҳарам худро ба зӯр ба даст гирифтам, лоҷарам ҳеҷ чиз нагуфтаму хомӯшӣ ихтиёр кардам. Дар ин лаҳза мумкин суханони шавҳарам ҳақ буд... Ба хотири он ки боз гапамон нагурезад, сукутро авло донистам. Оҳиста ба ошхона ба сари дег худро задам, то ки таоме пазам. Таом мепухтаму сиришки хунин аз чашмам равон шуд. Дилам фишор хӯрд.

Ҷигар хун аст, аз он ин гиряи хунин падид омад, Дилам зор аст, аз он нолаҳои зор пайдо шуд.

Рӯзи дигар барои расонидани саволномаҳо ба мудири маорифи вилоят озими шаҳри Хуҷанд шудам. Чун ба Хуҷанд расидам, ҳаво хеле номусоид буд. Шамоли сахт ва сардии бениҳоят ба мағз-мағзи баданам асар кард. Ба бинои ҳукумати вилоят расидам, аллакай соати танаффусӣ фаро расида буд.

пешина
аз 385
навбатӣ