Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят ў ба назди мизи кориаш расиду гўшакро бардошта худро муаррифӣ кард.
– Ин ман, Сарвиноз.
– Гўш мекунам.
– Вохўрдан лозим.
– Ман як ҳафта боз дар хона набудам, шояд фардо?
– Ман ҳамагӣ ду даҳон гап дорам.
– Ман гўш мекунам.
– Ин гапи телефонӣ не.
Ҳотам Илёс дарк кард, ки Сарвиноз хабаре дорад, вагарна ҳаргиз занг намезад. Ҳарчанд Сарвиноз дар алоқаи расмӣ бо милиса набуд, вале дар муносибат бо полковники милиса ниҳоят наздик буд ва маҳз бо пешниҳоди ў бо Насим ошногӣ пайдо кард. Умуман Сарвиноз дар ҳама ҳолат аз иҷрои нақши ба зиммааш гузошташуда ба хубӣ мебаромад.
– Чӣ илоҷ модоме, ки гапи телефонӣ нест ба ҳуҷраи рақами 3 биё, ним соат пас ман ҳамон ҷо мешавам.
Ҳуҷраи рақами 3 ин хонаи конспиративие дар кўчаи Деҳотӣ буд, ки борҳо полковники милиса бо Сарвиноз сари айшу нўш қарор доштанд.
– Майлаш меоям, – гўён Сарвиноз гўшакро ба ҷояш гузошт.
Ҳотам Илёс ба ҳамсараш занг зада хабар дод, ки аз Суғд баргашт, вале то бегоҳ имконияти ба хона омадан надорад, чунки дар идора кори муҳиме баромадааст.
Чӣ ҳам мегуфт ҳамсараш.
Сипас, назди сардори РКД даромада, аз бозгашти хеш ўро огоҳ сохт ва гуфт, ки ба хона меравад. Дар асл бошад ба хонаи консперативи дар кўчаи Деҳотӣ воқеъ буда рафт. Шояд дигар кас мешуд, ў имрўз баъди анҷоми сафари хизматӣ таклифашро намепазируфт, вале сухани Сарвинозро рад карда натавонист.
Бо ҳама фарқияти синну сол Сарвиноз ба вай ту гуфта муроҷиат мекунад, албатта, дар танҳоӣ. Не, онҳо бо ҳам хело наздиканд. Ҳарчанд муносибати онҳоро муҳаббат ҳам гуфтан нашояд, вале баъзан он ҷўҷаи парӣ худро таслими ин уқоби пир мекунад.
Бо каме дермонӣ Сарвиноз ҳам омад ва боз худро ба чанголи уқоби пир андохт ва чун мурғи бисмил дар зери панҷаҳои уқоб тапиду тапид ва дар ҳолате, ки қариб маҷоли сухан гуфтан надошт аз нафрати зан ҳарф заду ҳарф…

пешина
аз 558
навбатӣ