Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ёсуман ин ҳамон духтараке буд, ки соле пештар пайвандгари ду соҳил шуда. Аз он чӣ ки Ёсуман номуси хеш аз даст дод, кўҳ ба кўҳ нарасид, вулқон нашуд, вале ҳомии қонуне, ки бояд шарафи ўро ҳимоя мекард, соҳиби қариб 154 ҳазор барги сабз (доллар дар назар аст) шуд.
Ба ҳар ҳол ҷинояткор гуноҳи хешро дар назди қонун не , балки дар назди ҳомиёни қонун шуст… Не, ҳомии қонун «хизматҳои Ёсуман» – ро ба барги сабзе ҳам қадр накард. Аз ду сар дер ё зуд ҳама духтар ба зан мубаддал мешавад, соле пеш ё пас чӣ фарқ дорад, муҳимаш он, ки сирри ў пўшида мемонад. Чӣ ҳам мегуфт Ёсуман сари кафида таги тоқӣ буданаш беҳтар ва ба суханони ҳомии қонун бовар кард. Охир ў ваъда кард, ки вай лаънатиро (мардеро, ки ба номусаш даст дарозӣ карда буд) ёфта ба ҷояш мешинонад. Ҳомии қонун он мутаҳамро ёфт, на, ў намедонад, вале муҳимаш он аст, ки касе аз ин асрор огоҳ нашуд. Милиса дар ҳақиқат дар қавлаш истод. Барои Ёсумани Набот ҳаминаш басанда. Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест ва он рўз дур нест талабгоре ба дари хонаи онҳо ангушт назанад Пеш аз ба «Олами роз» омадан Ҳотам Илёс аз телефон автомат ба хонаи Ёсуман занг зад. Хайрият Ёсуман дар хона танҳо будаасту худаш гўшакро бардошт. Баъди зиёда аз як сол он милисаи хайрхоҳ хоҳиши ба ў вохўрдан кард. Чӣ ҳам мегуфт Ёсуман.
– Майлаш, ман розӣ. Гўед ба куҷо биёям.
Ҳотам Илёс макони вохўриро таъин кард ва гуфт, ки ёвари ў варо аз роҳ мегирад.
– Чӣ илоҷ модоме ки омаданам шарт бошад, меоям.
Аслан Ҳотам Илёс ҳаргиз талабгори марги Ёсуман набуд, вале чӣ илоҷ, ки ўро роҳи дигаре намонда. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки марги Розиқ Амон метавонист табадуллоти ҷиддиеро рўйи саҳна биёрад. Ў ки мўйи сари хеш дар корҳои ҷустуҷўйӣ сафед намудааст, нағз мефаҳмад, ки то ба куҷоҳо пой ниҳодааст. Рафту агар чорае наандешад, ҳама гуна ҳодиса шуданаш мумкин.
Ҳотам Илёс субҳи имрўз хабари дар бораи Розиқ Амон аз Сарвиноз гирифтаашро то ҷузъиёти майдатаринаш ба ёд овард.
Тирамоҳ буд. Ҳотам Илёс ҳамон рўз аз сафари хизматӣ аз вилояти Суғд баргашта буд. Сараввал хост ба хонааш равад, вале ҳисси масъулиятшиносӣ боло гирифту ба идора даромад. Ҳанўз дарро накушода садои занги телефонро шунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё