Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Насим рўйи роҳ баромада, автомашинаи сабукраверо манъ кард.
– То қаҳвахонаи «Олами роз»
– Ҳафт сомон.
– Боке нест.
Насим паҳлуи ронанда нишаст. «Волво», ки дар болояш нишонаи таксӣ гузошта шуда буд, ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ даромад. Насимро бо «Олами роз» пайвастагиест ногусастанӣ.
Аммо як сол аст, ки ў кам ба «Олами роз» меравад ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки Сарвиноз он маҳбубаи қашангу зебояш аз «Олами роз» бирафт. Маҳз «Олами роз» дар қалби ў шўру шарар барангехт ва муҳаббатро бедор кард. Тайи як шабонарўз аст, ки он оҳубарраи зебо дар чанголи вай буд. Оҳ, кош шоми дирўз ҳаргиз поён намеёфту ўро Ҳотам Илёс даъват намекард.
Бубин муҳаббат бо ҳама шириниҳои хеш боз ба сари марди муҳаббатхоҳ чӣ корҳоеро бор мекунад. Ҳарчанд Насим тайи як
– ду соли дигар майли бунёди оиларо надошт, вале коре ба сараш омад, ки рўзе ба дараш ангушт мезад. Ҳамагӣ ним соат пештар Сарвиноз хабар дод, ки сарторик шудааст.
– Чӣ илоҷ оқибати ҳама кишт дарав аст, вале ў ҳеҷ ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки чунин муфт ба даст меафтад.
Магар «корманди милиса» метавонад худ пой ба болои қонун гузорад. Ин ҳамааш кам буд, ки Сарвиноз ўро огоҳ намуд, ки рафту вай чорае наандешад ва ўву тифли дар батнаш бударо саробон нашавад, мактубчае гузошта худро тариқи овехтан ба ҳалокат мерасонад. Ана гапу мана гап. Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак…
Эй Насим, Насим бубин ту чиҳо кардӣ. Рост гуфтаанд, з-он ки аз ҳад бигзарад расво шавад. Ҳаминаш намерасид, ки бандаро боз ба ҷурми то ба худкушӣ расонидан ба маҳкама кашанд. Ана кору мана кор.
– Ин ҷо чӣ гап? – ниҳоят овоз рўшан кард ронанда ва автомашинаро боздошт.
Насим Ёдгор, ки то кунун сари андешаҳои хеш шино дошт сар бардошта, мардумони зиёдеро рўйи роҳ дид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё