Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардуми дар он маҳал гирдомада гуфтанд, ки ҳангоми аз кўчаи Саъдии Шерозӣ ба тарафи кўчаи Н. Қаробоев тоб хўрдан аз болои автомашинаи КАМАЗ як контейнер рўйи роҳ афтодааст. Хушбахтона, дар ҳамин лаҳза ягон автомашинае дар паҳлуяш набудааст, вагарна…
Ронанда боз муҳаррикро ба кор андохта, аз он маҳал ба самти кўчаи Шерозӣ гашт.
Насим боз сари андешаҳои хеш дода шуд. Аслан Сарвиноз бо хоҳиши худи ў аз «Олами роз» бирафт. Дар як сол қариб ҳамаи пешхизмат духтарони «Олами роз» ба ҷуз Раъно ва Малоҳат аз кор рафтанд. Қисме аз онҳо ба шавҳар баромада рафтанд ва қисми дигарашон бо ҳар баҳона аз вазифаи пешакардаи хеш даст кашиданд. Хуб шуд, ки Сарвиноз аз он ҷо рафт, вагарна ба гумон буд, ки акаи Ҳотам ба издивоҷи мо розӣ мешуд. Не, масъалаи Сарвинозро худи ҳамин рўз бардоштан лозим. Чӣ супорише ки вай дод, мо иҷро намудем ва акнун навбат вайрост.
Соли гузашта ў аз Сарвиноз як хабари ниҳоят муҳим гирифт ва онро ба гўши акаи қиёматиаш расонд.
Ҳотам Илёс ҳамон вақт аз номи худи вазир ба ў дусаду шасту ҳашт сомонӣ мукофотпулӣ дод ва гуфт, ки вай духтари гап дар борааш мерафтагӣ фарзанди як калоншаванда будааст.
Хайр касе буд ё набуд, бало ба пасаш муҳимаш он буд, ки ман бо ҳамин баҳона Сарвинозро аз «Олами роз», ки маркази консперативии милиса аст, берун намудам. Ба фикрам ҳоло ҳам Ҳотам Илёс гоҳ– гоҳ барои вохўрӣ бо хабаркашҳояш ба ҳамон ҷо меравад.
– Марҳамат, ана қаҳвахонаи «Олами роз» гўён ронанда мошинро дар рў ба рўйи он нигоҳ дошт.
Насим бо ронанда ҳисобӣ намуда, аз таксӣ фаромада, ба тарафи қаҳвахона ҳаракат кард. Ў аз берун суроби Ҳотам Илёсро дид, ки паси пардаи ҳарир бо касе суҳбат дошт…
Дар асоси дастури аз муовини сардори РКД гирифтааш ў яку якбора вориди қаҳвахона нашуда, тамоку даргиронд ва боз ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард. Сипас, боз аз он ҷо ба қафо баргашт ва чилими нимсўхтаро ба ахлотқуттии пушти бинои қаҳвахона партофта, пой бар остонаи «Олами роз» гузошт.
Ҳотам Илёс сари мизи кунҷи рости қаҳвахона танҳо менишаст. Чун дар ин муддат касе аз баромадгоҳи асосӣ берун набаромада буд, Насим ба хулосае омад, ки мусоҳиби полковники милиса то ҳанўз дар дохили биност.

пешина
аз 558
навбатӣ