Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

… 19 …
Шакарро камаш хуб ва ё гоҳ нағмаву усул ва боз Худову расул гуфтаанд. Чун Сарвиноз пой бар остонаи кулбаи Насим гузошт, он рўз шом шуду боз субҳ пардаи зулмат дарид, вале ҳеҷ не, ки ҳадиси дили меҳмону соҳибхона поён пазирад. Ин ду тан байни чор девори бетонӣ пинҳон аз оламу одам дар соҳилҳои баҳри гуноҳ шино доштанду шино.
Соҳибхона баробари шунидани занги телефон меҳмонро дар баҳри андешаҳои хеш танҳо гузошта, ба тарафи соҳил шино кард.
– Дирўз умуман аз хона набаромадам. Ба фикрам ҳамон шаб шамол хўрдам. Сулфа мезанам. Майлаш, баъди ним соат расида меояд, – шунид меҳмон овози соҳибхонаро, ки аз пешдолон ба касе тариқи телефон суҳбат дошт. Ҳарчанд ў боз миёни бозувони пурқуввати соҳибхона будан мехост, вале фаҳмид, ки дар чанголи уқоб буданаш дер давом нахоҳад кард.
Баробари вориди хона шудан Насим бо як андуҳи зиёде ба гўши Сарвиноз бирасонд, ки ўро ба кор рафтанаш лозим.
– Ман ҳамаашро шунидам, – бо як сўзу гудозе гуфт меҳмон.
– Хафа нашав. Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
– Аз омаданат дил ба умед аст, сухани соҳибхонаро тақвият дод меҳмон.
Бо як бўсаи ширин ҳалқаи дастони меҳмон аз гардани соҳибхона ва ҳалқаи дастони соҳибхона аз камарбанди меҳмон дар пушти дар ҷудо шуд. Меҳмон он кулбаро тарк гуфт. Баъди панҷ – шаш дақиқа соҳибхона ҳам аз дар баромад.
Чун аз бино берун шуд офтобро дар қиём дид. Кам не, ғам не, онҳо як шабонарўз дар бистари муҳаббат ғел заданд ва дилу бедилон акнун аз ҳам ҷудо шуданд. Аҷиб ки чаро Ҳотам Илёс ўро ба вохўрии таъҷилӣ даъват кард? Охир он духтури дурўяи ҳамшаҳриаш бо амри Ҳотам Илёс баҳраш варақаи корношоямӣ тахт намудааст, пас чӣ ҷойи даву тоз. Русҳо мақоли хубе доранд: Кор гург нест, ки ба ҷангал гурезад. Бо ҳамин фикру хаёл Насим пой ба болои барф гузошта ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард.
Дар истгоҳ касе набуд. Ҳарчанд ў ба самти ҳарактаи хеш нигоҳ кард, аз нақлиёти шаҳрӣ нишоне надид. Дар он ҷойе, ки ў ошён дорад ронандагони нақлиёти шаҳрӣ тобистон реҷаи кориро риоя намекунанд ва ҳоло, ки зимистон ҳукмфармост чӣ ҷойи гилаву надомат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё