Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– То андозае фаҳмидам, вале беҳтар мешуд, ки мо ҳамон луқмаҳои тайёрро фурў мебурдем.
– Луқмаҳои тайёрро мегўед, оё шумо ақлатонро хўрдаед, гумон доред, ки ман ба ин рухсат медиҳам. Наход одами боақл бо вакилу вазир даст ба гиребон шавад. Эй додар, ҳоло ҳам дер нашудааст, андеша намо. Агар ин вакилону вазирон хоҳанд, кори моро дар як соат ҳал мекунанд.
– Чӣ хел корро?
– О, ташкил намуда бароят ришва медиҳанд ва боз худашон дастгират намуда, ба маҳкама мекашандат. Фаромўш накун дар он сурат на идораи болоии худамон ва на суд хизматҳои кардаатро ба инобат нахоҳанд гирифт, чунки вакилону вазирон бо роҳбарияти идораҳои болоии мо ва судҳо ҳамнафасу ҳамқадаҳанд…
– Акнун фаҳмидам.
– Чиро?
– Он чиро ки бо арбоб шўхӣ кардан нашояд.
– Дуруст фаҳмидед.
– Акнун раведу сари ҳамин масъала андеша намоед ва ё ин корро ман ба зиммаи дигар кас супорам.
– Агар чунин мешуд нуран алонур мешуд.
– Пас маълум мешавад, ки шумо аллакай тарсидед?
– Ман аллакай гуфтам, ки тайёрам дар асоси мақолаи Розиқ Амон тафтишотро оғоз намоям. Охир мо вазифадорем, ки мақолаи мазкурро чун асос ба инобат гирифта, ба санҷиши он шурўъ намоем. Дар асоси қонун мо ба ҳама кор қодирем.
– Беҳтар мешуд, ки дар бораи ин суҳбатамон фаромўш мекардӣ. Ман худам ягон роҳашро меёбам. Акнун аз пайи кор шавед ва фаромўш насозед, ки то ҷамъбасти сол рўзҳои башумор мондааст.
Фирдавси Ҳаким аз дафтари кории «хўҷаин» бо димоғи сўхта баромад. Ҳар он чӣ ки прокурор гуфт боиси андеша буд.
Бубин, ки сарназоратчии қонун чӣ фикру андеша дорад. Биё бо чунин гов ба девлох раву қуруту маска биёр. – Ана бо кадом воситаҳо одамон соҳиби вазифа мешуданд, – аз дил гузаронд муфаттиш аз зинаҳои ошёнаи дуюм ба поён хамида истода.
Чун ба ошёнаи якум фаромад дар даҳлез ҳамсари Розиқ Амонро дид ва ўро ба дафтари кориаш даъват намуд…

пешина
аз 558
навбатӣ