Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О, дар кўчаи Баҳор ба ҷуз вакилу вазир ва соҳибмансабони калон боз кӣ хона месозад. Онҳо дасти дароз доранд, дасти дароз…
– Пас мо чӣ кор кунем?
– Ягон роҳи дигарашро ёфтан лозим. Нафареро ёфтан лозим, ки оқибат миёни худи мо нашиканад. Натиҷаи кор шавад шуд. Ана ҳамин тарафи масъаларо ба зиммаи худат мегузорам…
– Нафаҳмидам.
– Чияш нофаҳмо?
– Қариб, ки ҳамааш.
– Эй додар, наход дар прокуратура кор кунӣ ва ҳамин чизи оддиро нафаҳмӣ. Ё гумон доред, ки вай рўзноманигор, чӣ буд номаш?
– Маъруф Остон.
– Ҳа, худи худаш, гумон дорӣ, ки он коху кўшкҳое, ки қаторак дар мақолааш овардааст намедонад, ки моли киҳоянд?
– Охир вай дар мақолааш гуфтааст, ки ҳама қасру кўшкҳо ба номи нафақахўрон номнавис шудагӣ ва ба кӣ мансуб будани онҳоро ў аз мақомотҳои интизомии кишвар пурсон шудааст.
– Не, ў ҳамаашро медонад, медонад, лаънатӣ ва боз пурсидааст. Суоле ба миён меояд, кӣ барои чӣ?
– Барои чӣ будааст чунин амал?
– Барои он ки моро бо калонҳо низоъ ангезад. Барои чунин рўзноманигорон фарқаш нест, ки кунда мекафад ё ҷувоз, муҳимаш он, ки аз кафидани ин ё он тараф онҳо ҳаловат мебаранд.
Ман бисёр мехостам дар атрофи ҳамин журналист кор намоед.
Аз рўйи маълумоти ба даст овардаам ду– се сол пеш мудири бонки «Кишоварз» дар маҳаллаи Зарафшон қасри дабдабаноке харидорӣ намудааст. Дар асоси маълумотномае, ки идораи амволи давлатӣ ба мо пешкаш намуд, Розиқ Амон ягон гуна қаср надоштааст. Ман гумон мекунам, ки қасрро ў ба номи дигар кас ҳуҷҷатгузорӣ кардааст ва аҷаб нест, ки ҳамон кас ба ҷонаш қасд карда бошад. Магар чунин нохалафҳои бепушту паноҳ чун Розиқ Амон каманд?
– Нисбат ба ягон нафаре, ки соҳиби молу пул ва кўшку қаср аст, вале то кунун пуштибони дуруст надорад, ҳуҷҷат гирд овардан лозим. Акнун фаҳмидед?

пешина
аз 558
навбатӣ