Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳоло ақаллан ҷисми сардашро оғуштаи хунаш бидидам ва ин дили пур аз дарду доғам каме осуда гашт… Охир вай кӣ буд, ки ман барояш ашк резам? Як инсони пастфитрат, қотилу нобакор, ҳаромхуру русиёҳ буд. Дигар ҳеҷ! Мансаб дошт? Танҳо ман медонам, ки ў бо кадом роҳу восита соҳиби мансаб ва дову дастгоҳ гардид. Чун аз авлоди роҳзан буд, роҳзан монд ва хуни нафарони бегуноҳе бирехт ва бо амри Худованд дишаб дар хуни хеш оғушта гашт.
Ана ҳамин аст таззоди зиндагӣ аз оқибати расвоӣ, мағрурӣ, ҳамчун инсон назистан, на худ ва на Худоро шинохтан…», – хулоса баровард Садорат. Ў тирезаро пўшида, пардаи ҳарирро дуруст кардан гирифт…
… 15 …
Чун ҳамарўза ин дафъа ў яку якбора аз ҷой парида нахест.
Барои ба чунин амал даст задан ўро зарурате ҳам набуд. То ҳанўз варақаи корношоямиаш маҳкам карда нашуда буд. Ў бо салоҳдиди хеш метавонист боз се – чор рўзи дигар ҳам истироҳат намояд. Бемор ҳам нест, ки ба табобат эҳтиёҷ дошта бошад. Ҳафтае пеш, аниқтараш даҳ рўз пеш Ҳотам Илёс ба ҳамон сардухтури дармонгоҳе, ки тобеи ноҳияи онҳост аст занг зада барои ў варақаи корношоямӣ талаб намудааст. Ҳоло бошад он варақа дар дасти сардухтур аст ва кадом рўз, ки хоҳад рафта мегирад. Дар сари ангушти зўр чархи осиёб гирд мегардад ва агар Ҳотам Илёс зўр намешуд магар он сардухтур, ки соле пештар қиммати ўро ба як пули пучак нахарид бо як занги телефонӣ баҳраш варақаи корношоямӣ тахт мекард?
Ҳарчанд Насим он вохўриро ба ёд овардан намехост, вале катакчаҳои майнааш чун компютер ба ҳаракат даромада саргузашти ўро бо сардухтур рўй манитори хотир бароварданд…
Насим аслан дар бинои охирини кўчаи Фирдавсӣ зиндагӣ дорад ва чун тану ҷонаш сиҳат аст, боре ҳам ёди духтур накардааст. Шояд чашми кадом бадбине ба ў низ расиду соле пештар дар моҳи октябр касал шуд ва ба дармонгоҳи маҳаллӣ зисташ рафт. Дар назди даромадгоҳи дармонгоҳ ў як шиноси замони кўдакиашро вохўрд. Маълум шуд, ки баъди чандин сол ҳамшаҳриаш курсии сарвари ин дармонгоҳро ба дўш доштааст.
Дили Насим аз он хунук шуд, ки ў бо нўги ангуштонаш ба вай салом кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё