Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Оҳ агар ў мефаҳмид, ки маро ба ҷуз таслим шудан ба ў чорае набуд. Лаънатӣ ҳангоми таҷҷовуз ба номуси ман осори хешро гузошт. Дар ин ҷо шояд гуноҳи ман ҳам бошад, ки аввал ба духтур мароҷиат накардам. Аз он ки тифли вай золимро намехостам, ҷойи баҳс ҳам набуд. Оҳ, ман чӣ қадар бори вазнинро бардоштам, ҷаҳишу париш кардам, то ўро нобуд созам, вале чун чоҳкан ба чоҳи кандаи хеш афтодам. Бо як хатои худ умри хеш хазон кардам. Аз рўйи нақли духтурон бачаи каждум қариб будааст, ки маро ҳам аз қафои хеш ба дорулбақо барад. Агар ман имконияти таваллуд кардан медоштам эҳтимол тақдири он худозадаро ба худо ҳавола мекардам ва худ ба каси дигаре ба шавҳар баромада, дар тарбияи тифлонам саҳмгузор мешудам. Чун духтурон ба ман аниқ фаҳмонда доданд, ки дигар имконияти таваллуд кардани кўдакро надорам, дунё дар назарам торик шуд.
Худораҳматии Фотеҳ мехост, ки тавассути муҳаббат кинаву адоватро ки байни авлоди мо ва Амон Нусрат реша давонда буд, аз байн барад. Тири ишқи аввал дар синаи Бунафша пайкон зада буд ё дар синаи Фотеҳ касе намедонад. Афсўс, ки он солҳо ман духтараки майда будам ва дар ин бора на аз акаам ва на аз ҳамсараш пурсон нашудам. Ў боз суханони падарро ба хотир овард, ки пеш аз ба хостгорӣ ба хонаи Амон Нусрат рафтан ба Фотеҳ гуфта буд:
– Фотеҳ писарам, аз он ки ту ишқи духтари Амон ба сина ҷой кардаӣ ман шукр мекунам. Мо медонем, ки Бунафша духтари ба иффат аст, вале ту набояд аз ёд барорӣ, ки дили Амон аз ангишти Равнов ҳам сиёҳтар аст. Агар ин хел намешуд, магар коҳи кайҳо пўсидаро боз бод мекард. Ҳама аҳли деҳ Нусрати Нозимро чун марди роҳзан дар ёд доранд ва аз он ки бобои ту замони дар НКВД5 кор карданаш он роҳзанро ба маҳкама кашидааст, магар мо гунаҳкорем. Одами нек ҳар чизи ба сараш омадаро аз кирдори хеш мебинад, одами бад бошад аз ҳамсояаш. Биё, бачам, аз баҳри ҳамон Бунафша гузар…
– Дадаҷон шумо як маротиба ба дари хонаи онҳо равед,– илтиҷо кард Фотеҳ.
Садорат боз он лаҳзаи бозгашти падарро аз хонаи деҳаашон Амон Нусрат ба ёд овард. Ҳарчанд қаҳру ғазаби ў ниҳоят зиёд буд, вале сухани баде ба забон наовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё