Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ҳамагӣ ду ва ё шояд се моҳ пештар ҳарду якҷоя дар ноҳияи Гулобод ҷиноятеро ошкор намуданд, ки Солеҳ Ҷалил ном шахсро аз теғи суханаш ба ҳалокат расонида буданд.
Сардори ШКД чун фаҳмид, ки дар ҳодисаи ба сари мудири бонки саҳомии «Кишоварз» Розиқ Амон капитани милиса Сорбони Ҳомид даст задаст, каме ором шуд.
– Баробари пайдо шудан Сорбони Ҳомид ба назди ман дарояд, – гуфт дар анҷоми маҷлис сардори милиса.
Эҳтимол ин суханон аз ҳама беш ба навбатдор дахл доштанд, ки дар нимаи якуми рўз ў ду – се бори дигар аз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ пурсон шуд.
Сорбони Ҳомид танҳо дар нимаи дуюми рўз пой бар остонаи бинои милиса гузошт. Бозгашти ў ба вақте рост омад, ки танаффуси нисфирўзӣ буд. Ҳарчанд паёми сардорро навбатдор ба самъаш расонид, вале ў ба назди Ҳамид Ҷовид даромада натавонист. Навбатдор гуфт, ки сардор ба раёсати шаҳрӣ рафт ва вақти бозгашташ маълум нест. Сорбони Ҳомидро ба ҷуз ба дафтари кориаш рафтану интизори бозгашти сардор шудан чорае набуд.
– Ман дар дафтари кориам мешавам, чун сардор пайдо шуд занг занед, – гўён ў ба ошёнаи дуюм баромад.
Баробари пой бар остонаи дафтари корӣ гузоштан ў сардии ҳаворо дар дохили бино ҳис карда, аз тағири либос намудан худдорӣ намуд ва палтояшро накашида, ба сари мизи корӣ нишаст. Новобаста аз он, ки зимистон як ҳафта боз дар курсии мансаб буд, то кунун системаи гармдиҳӣ ба истифода надаромада буд.
Сорбони Ҳомид аз ғаладони мизи кориаш қаламу қоғаз бароварда, болои миз гузошт, то нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷўиро нисбат ба ҳодисаи шаби 8–ум ба 9 –уми декабр дар бинои нуҳошёнаи кўчаи Хуросон 25/4 тартиб диҳад. Маҳз ба ҳамин хотир ў соате сари миз дар байни андешаҳои хеш монд.
Не, ин дафъа ў на ин, ки ҷумлае балки калимаеро болои варақ оварда натавонист. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳуҷҷатҳои аз ҷойи ҳодиса гирдовардашуда ҳанўз дар дасти муфаттиши прокуратура буданд. Агар чунин ҳам буд, ин танҳо як тарафи кор буд, тарафи дигараш чӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ