Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба ҷуз автомати гирифтаи сардори ШКД аз 13–апрел то имрўз 22–май ягон корманд автомат нагирифта буд. Ҳамчунин дар китоб шаш тапонча дар дасти кормандони оперативӣ буданд ва санҷидани онҳо ҳам зарур буд. Умуман, то бегоҳ кормандони оперативӣ ҳам омада, тапончаҳои хизматии хешро бо тиру тирдонҳояшон манзури аъзоёни гурўҳи аз вазорат омада намуданд. Дар тамоми ин давра Самандари Сармад аз утоқи кориаш набаромада буд. Гурўҳи корӣ бо сарвари майори милиса Доробов санад тартиб дода дар он ҳамаи яроқҳои дар шуъба ва ҳам дар истифодабариро бо рақаму соли бароришашон қайд намуда нишон дод, ки дар ШКД як адад автомати АКМ–Л 25063, ки аз рўйи китоби гирифтани яроқҳо дар номи Самандари Сармад аз 8– апрел қайд шудааст ва гирифтани онро Самандари Сармад бо имзои хеш тасдиқ намудааст.
Чун аъзоёни гурўҳҳи корӣ вориди утоқи сардори милиса шуданд Самандари Сармад гузориши муфассалеро дар ҳаҷми се варақ ба дасти Доробов дод. Доробов ба мазмуни гузориши дар дасташ буда шинос шуда ба андеша фурў рафт. Ў ҳеҷ бовар карда намехост, ки сардори милиса бо дасти худаш яроқи хизматиашро бурда, ба дасти кадом як галабоне додааст.
Доробов сар бардошта ба чашмони Самандари Сармад нигарист. Дар рў ба рўйи ў на сардори милиса, балки шахсе меистод, ки барои як пўсти хирс шуда виҷдону имонашро фурўхта буд. Инаш кам буд, ки ў зиёда аз як моҳ боз гум шудани яроқро пинҳон кард. Ба замми ҳамаи ин галабонро барои гуфтушунид ба назди қотил фиристод…
– Ҳайфи ту. Сардори милиса нашуда мур. Бо ин рафторат ту обрўйи милисаро ба хок задӣ. Худат– ку обрў надоштӣ чи лозим буд номи милисаро ба замин заданат. Аз чунин ҳол мурданат беҳ,– гўён Доробов гўшаки телефонро бардошта, ба вазир занг зада гуфт, ки далелҳо тасдиқ шуданд.
– Ин аст натиҷаи беандешагӣ, – гўён вазир ҳам гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт ва танҳо баъди панҷ– шаш бори дигар гуд–гуд намудан Доробов ба худ омада, аз ҷой бархест. Самандари Сармад мисли оне, ки ба касалии домана гирифтор бошад, бо нигоҳи маҳзунаш онҳоро гусел кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор