Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 50 …

Тамоми шаб ў мижа таҳ накард. Аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашт. Симои он роҳзанро, ки бо автомати бетир рўйи роҳ баромада буд, пеши назар овард. Бе ин ҳам тайи якуним моҳи охир ин симо ўро дунболгир аст. Лаҳзае ғанабаш бурду Абдулло автомат дар даст аз пешаш баромад. Ў мисли оншаба бадқаҳр ҳам набуд, баръакс ба сўяш табассум кард, табассуми сард…
Ҳанўз бо Абдулло имконияти сухан гуфтан наёфта буд, ки аз он сўйи соҳил мўйсафеде ўро ово кард, вале аз садои пуртуғёни об чизеро фаҳмида натавонист ва чашм аз мўйсафед наканда чанд қадам ба истиқболи ў гузошт ва сарозер ба таг, ба соҳили дарё рафт. Оҳ, гуфта аз буттаи лаби ҷар доштанӣ шуда, яку якбора аз ҷой ҷаҳида бедор шуд. Сараввал дар куҷо буданашро нафаҳмид. Даст бурда хост Лоларо бедор намояд, вале худро дар бистаре танҳо дид. Лола, Лола гуфт ва номи Зафарҷонро ҳам ба забон овард, вале касе ҷавоб надод. Ниҳоят дар рўшноии маҳтоб фаҳмид, ки дар хонаи худаш нест. Ба ёд овард, ки Лолаю Зафарҷонро дар Деҳбаланд гузошта омад. Ў чашм аз тиреза, ки аз самти ғарб рўшноӣ моҳтобро ба хона медаровард, нигариста, ниҳоят ба ёд овард, ки дар меҳмонхонаи собиқ ҳамхизматаш Маҳаммадмўсо хуфтааст…
Ў ҳамон хел беҳаракат аз хобҳои дидаи хеш андеша кард.
Аз табассуми сарди роҳзани самарқандӣ дилаш шуввӣ кард.
Аҷиб ки он мўйсафедро нашинохт. Ба истиқболи ў қадам гузошта қариб буд… Шояд он мўйсафед ҳамон марди роғӣ буд.
Охир аз рўйи ў шуда зиёда аз як моҳ аст, ки оромиро ба гўшаи фаромўшӣ додааст. Кошкӣ ҳамааш тезтар анҷом мепазируфт.
Аз чунин аҳвол дида, ба милиса рафта, ҳамаашро қоил шудан беҳтар аст. Аздусар дер ё зуд набудани автомати милисаи дўсти галабон ошкор мегардад ва хоҳу нохоҳ ҳамон автомати бетир ҳамаи моро сари суфраи қонун гирд меорад.
«Беҳтараш фардо субҳ чун аз хонаи ҳамин дўстат баромадӣ рост ба милиса рав ва дарди дили хеш ифшо намо» – нидо омад аз қалбаш.
– Не, наметавонам, сараввал хиштҳоро ба мактаби Ҳисор бурдан лозим. О, вақт ҳам рафта истодааст, то оғози соли таҳсил бояд мактабро ба истифода диҳанд. Милиса бошад гурехта намеравад.

пешина
аз 558
навбатӣ